Нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ба андозаи 1,7% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Як моҳ пеш ин маҳсулот 0,8% гарон шуда буд.
Дар ин моҳ нархҳо нисбатан ба сабзавот (7,4%) ва мева (7,8%) боло рафтанд. Аз ҷумла сабзӣ 20%, карам - 10%, бодиринг - 8,4%, помидор - 3,6%, ангур - 33% ва себ - 10% қимат шуданд.
Ҳамчунин болоравии нарх ба шир ба андозаи 3,7% ва биринҷу тухм - 3,3%-ӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, болоравии нарх ба маҳсулоти ғайриозуқа дар моҳи март дар муқоиса бо моҳи гузашта 4 баробар - аз 0,8% дар моҳи феврал то 0,2% поин рафтааст.
Тарифҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар моҳи март ба андозаи 0,2% поин рафтааст. Дар моҳи феврал баръакс, болоравии тарифҳо дар ҳамин сатҳ ба қайд гирифта шуда буд.
Аз оғози сол маҳсулоти хӯрокворӣ 3%, маҳсулоти ғайриозуқа - 1,2% ва хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ - 0,1% зиёд шуданд.
Сатҳи умумии болоравии нархҳои истеъмолӣ дар семоҳаи аввали соли равон 1,8%-ро ташкил дод.
Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ 0,9%-ро ташкил дод, хабар дода буд қаблан шуъбаи матбуоти Бонки миллии кишвар. Ин ба сатҳи умумии таваррум дар моҳҳои пешина - 0,5% дар моҳи январ ва 0,4% дар моҳи феврал баробар аст.
Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, сатҳи таварруми солона (аз моҳи марти соли 2022 то охири моҳи марти соли 2023) 3,5%-ро ташкил додааст.
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2023 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба мисли чанд соли ахир дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.
Дар гузориши чанде пеши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи дурнамои иқтисоди ҷаҳон гуфта мешавад, таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 “тадриҷан коҳиш ёфта, дар ҳудуди нишондиҳандаи ҳадафноки БМТ 4-8% боқӣ мемонад, ки ба он сиёсати шадиди пуливу қарзӣ мусоидат мекунад”.
“Коҳиши талабот дар ҷаҳон содироти фулузот (металлҳо)-и гаронбаҳо ва канданиҳои фоиданокро аз Тоҷикистон кам мекунад”, - тахмин мекунанд таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ.
Онҳо сатҳи таваррумро аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 дар сатҳи 5,6 фоиз ва дар ду соли оянда - 6,5 фоизӣ пешгӯӣ мекунанд.
Коршиносони Бонки аврруосиёии рушд (БАОР) дар гузориши моҳи апрели худ таваррумро дар ҷумҳурӣ то охири соли тақрибан дар ҳамин сатҳ - 6,0 фоиз пешбинӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, иқтисодчиёни Бонки осиёии рушд соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз сатҳи таварруми нисбатан баландтар -7% интизорӣ доранд.
Дар гузориши “Шарҳи рушди Осиё” онҳо ин пешгӯии худро “эҳтимоли беқурбшавии асъори миллӣ дар таносуб бо поинравии қурби рубл, афзоиши минбаъдаи қарздиҳии истеъмолӣ, болоравии маоши хидматчиёни давлатӣ ва нафақаҳо” маънидод мекунанд.
Дар соли 2024 мутахассисони Бонки осиёии рушд аз сустшавии таваррум то 6,5% интизорӣ доранд, “чунки нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ муътадил хоҳанд буд”.
“Равшан” дар охирин бозии худ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 пирӯзӣ ба даст овард, аммо...
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста