Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 апрел муовини раиси ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуровро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили мухталифи шарикии стратегии ду кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, инчунин робитаи кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
“Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои кишварҳоро дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус саноат ва татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ, ҳамкории фаъол тавассути таъсиси паркҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳокима карданд”, - омадааст дар хабар.
Ҳамкорӣ дар бахши саноати маъдантозакунӣ, металлургия, коркарди нафт, техникаи электронӣ, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз самтҳои ояндадору судовари робитаҳо номида шуд.
Гуфта мешавад, таъсиси корхонаҳои муштараки саноати бофандагӣ, ташкили занҷираи ягонаи истеҳсолӣ, рушди бахши коркарди пахта, пӯст ва пашм бо ҷалби сармоя ва технологияи Русия зарур шумурда шуд.