Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензини бар асоси имтиёз дар соли ҷорӣ воридшуда ҷиҳати ташаккули захираҳои давлатӣ тасдиқ карда шавад.
Ба воридоти маҳсулоти зикршуда Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон машғул аст.
Бо қарори ҳукумат аз 15 апрели соли равон, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, супориш дода мешавад, ки номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад.
Дар номгӯй маҳсулоти зерин бо ишора ба ҳудуди ниҳоии он дохил шудааст:
- гандум - 70 ҳазор тонна;
- шакар (қанд) – 35 ҳазор тонна;
- орд – 10 ҳазор тонна;
- равғани растанӣ - 2 ҳазор тонна;
- биринҷ - 1 ҳазор тонна;
- бензин - 90 ҳазор тонна;
- сӯзишвории дизелӣ – 90 ҳазор тонна;
- карбамид – 15 ҳазор тонна;
- селитра - 5 ҳазор тонна.
Имтиёздорони соли 2023
Барои бар асоси имтиёз ворид нмудани маҳсулоти дар боло зикршуда ба Агентии зхаираҳои моддии давлатӣ мутобиқи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2023” ҳуқуқ дода шудааст.
Дар қонун ба баъзе корхонаву ташкилотҳои дигар низ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ имтиёзҳои сершумор пешбинӣ шудааст.
Миёни онҳо бинокори меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ” зикр шудааст, ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт 18 сол инҷониб сохта мешавад.
Фармоишгар ва паймонкори кулли ин иншооти сохтмонаш тӯлонӣ 50% аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешавад. Воридоти маҳсулоти зарурӣ барои иншооти мазкур бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва 50% ААИ сурат мегирад.
Ба бинокорони Театри миллии Тоҷикистон ва бинои бисёрсоҳавии маъмурӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии қаламрави ноҳияи Сино низ ба ин монанд имтиёзҳо дода шудааст.
Меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”, ки сохтмонаш ҳоло идома дорад, ҳамасола дар рӯйхати имтиёздорон дарҷ мешавад. Сохтмони ин иншоот дар майдони 1,5 гектар аз моҳи марти соли 2006 оғоз шуд. Дар назар буд, ки меҳмонхона тирамоҳи сои 2007 ба истифода мешавад.
Дар қонуни Буҷети давлатӣ барои соли 2023 додани имтиёзҳо аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ дар 14 банд пешбинӣ шудааст.
Маълумоти муфассал дар ин бора дар ин маводи мо қобили дарёфт аст.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста