Рӯзи 12 май дар Душанбе мизи гирд баргузор гардид, ки дар доираи он Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) дар тӯли панҷ сол дар бораи рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (ACAT) натиҷагирӣ кард. Дар ин мизи мудаввар аз дастовардҳо дар самти ҷалби ҷавонон ба агробизнес изҳори назар шуд.

Аксари ҷавонони муқими вилояти Хатлон ба ин ё он роҳ ба хоҷагиҳои оилавӣ ё дигар корхонаҳои кишоварзӣ ҷалб шудаанд. Аммо барои аксари ҷавонон, чи дар Хатлон ва чи дар саросари Тоҷикистон, шуғл дар соҳаи кишоварзӣ ҷолибияти худро аз даст додааст. Ҳоло кишоварзӣ аксар вақт бо дурнамои кори дилнокаш, даромаднокии паст ва заҳмати пурмашаққат алоқаманд аст. Ғайр аз ин, аксари корхонаҳои бахши кишоварзӣ аз рӯи мерос ба писарҳо мегузаранд, яъне дар идоракунӣ теъдоди ками занон чалб карда шудаанд.

USAID ACAT назди худ мақсад гузошт, ки мушкилоти дар боло зикршударо ҳал карда, иштироки ҷавононро ба сатҳи нав барорад. Дар давоми панҷ соли фаъолияти лоиҳа USAID ACAT бо ҷавонон корро дар се самт ба роҳ монд: 1) дастрасӣ ба таҷрибаи кор; 2) дастрасӣ ба молия ва 3) дастрасӣ ба иттилоот.


Дастрасӣ ба таҷрибаи кор.

USAID ACAT ба 38 таҷрибаомӯз (14 мард ва 24 зан) кумак кард, ки дар корхонаҳои муваффақи маҳаллӣ ё муассисаҳои молиявӣ аз таҷрибаомӯзии пулакӣ гузаранд. Таҷрибаомӯзоне, ки дар муассисаҳои молиявӣ таҷрибаомӯз буданд, дар шуъбаи қарз кор карда, дар он ҷо раванди баҳодиҳии қарзро дастгирӣ ва ба қарзгирандагон дар пур кардани дархостҳои қарзӣ кӯмак мекарданд. Таҷрибаомӯзони машғули кор дар агробизнес ё дастгирии маркетингиро барои афзоиши фурӯш таъмин мекарданд, ё дар коркард сар аз бастабандӣ то тамғагузории маҳсулоти тайёр фаъолият доштанд.

Дастрасӣ ба молия.

Сармоягузории грантии ACAT ба муассисаҳои молиявӣ ба ҷавонон дар гирифтани беш аз 277 000 доллари ИМА қарз кӯмак кардааст. Дар баробари ин 68%-и қарзҳо ба занон дода шудааст. Аксари ин қарзҳо барои оғоз ё таҷдиду такмили  агробизнеси мавҷуда истифода мешуданд.

Дастрасӣ ба иттилоот.

USAID ACAT лагерҳои тобистонаи омӯзишӣ, инчунин сафарҳои таҷрибаомӯзӣ барои шиносоӣ бо равандҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон ва берун аз онро ташкил намуд. Иштироккунандагон аз корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, заводи консерву шарбат ва бисёр дигар ҷойҳо боздид намуданд.

Таҷрибаи шахсӣ

Ахатов Муҳаммадҷон 18-сола аст. Моҳи августи соли 2022 ӯ аввал дар лагери тобистона ширкат карда, баъдан, моҳи марти соли 2023 зимни як сафари омӯзишӣ ба корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти ширӣ, аз раванди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар ин корхона дидан кард. Чизҳои дидааш ӯро ба ҳайрат овард.

“Ба назарам, як сабаби ба кишоварзӣ ҷалб нашудани ҷавонон дар он аст, ки мо ҳатто ба ҳаҷми истеҳсолот ва дурнамои тиҷорат сарфаҳм намеравем. Вақте ки ман дар доираи сафари шиносоӣ дидам, ки чӣ гуна ширро на танҳо бо литрҳо, балки бо тоннаҳои зиёд истеҳсол кардан мумкин аст, хеле мутаассир шудам”, - гуфт Муҳаммадҷон.

Натиҷааш ин аст, ки Муҳаммадҷон натанҳо хавасманд гардид, балки таҷрибаи амалӣ хам андӯхт — ба вай муяссар шуд, ки маҳз чӣ тавр нигоҳ доштан ва дар анбор ҷобаҷокунии маҳсулоти шириро дақиқ ёд гирад, то ки муҳлати коршояии он зиёд карда шавад. Агар пештар вай маҳсулоти шириро на бештар аз ҳафт рӯз нигоҳ дошта метавонист, пас ҳоло ба муддати аз ин ҳам дарозтар нигоҳ доштани онро омӯхт.

Муҳаммадҷон ягона касе нест, ки аз иштирок дар лагери тобистона ва сафарҳои омӯзишӣ баҳра бардошта бошад. Шаҳзод Назарзода имкон пайдо кард, ки бо равандҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои Ӯзбекистон шинос шавад. Ҳамин тавр, ӯ тарзи истеҳсоли панирро ёд гирифт ва ҳоло онро дар Тоҷикистон истеҳсол мекунад.

Дар доираи лоиҳаи USAID ACAT ҷавонон натанҳо аз лагерҳои омӯзишӣ боздид карданд, балки ба сафарҳои шиносоӣ низ рафта, ҳамчунин имкон доштанд, ки дар барномаҳои таҷрибаомӯзӣ иштирок кунанд.


Ташкилотҳое, ки ҷавононро барои таҷрибаомӯзӣ қабул кардаанд, изҳор доштанд, ки ҳарчанд чунин таҷрибаомӯзӣ вақт ва заҳматро талаб мекунад, аммо ба туфайли қобилияти зуд азхудкии ҷавонон ва ҷорисозии навоварӣ дар равандҳои ширкат, хароҷотҳо ба осонӣ ҷуброн карда мешаванд. 50% таҷрибаомӯзоне, ки аз USAID ACAT дастгирӣ ёфтаанд, ин таҷрибаро ҳамчун як зина барои кор дар корхонае, ки таҷрибаомӯзӣ кардаанд ё дар ташкилоти дигар истифода кардаанд.

Яке аз чунин таҷрибаомӯзон Сулаймонова Нилуфар мебошад. Ӯ таҷрибаомӯзиро дар муассисаи хурди молиявии “Сарвати Вахш” ба итмом расонида, барояш кор пешниҳод шуд.

Ба Маҳмуд Акбар низ дар анҷоми таҷрибаомӯзӣ кор пешниҳод шуд. То аз лоиҳаи USAID ACAT огаҳӣ ёфтанаш, ният дошт, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия равад. Вазъияти душвори молиявӣ, ки бар асари пандемия шадидтар шуд, ӯро маҷбур мекард, ки бо оила ва дӯстонаш хайрухуш кунад. Аммо чанд рӯзе пеш аз сафар эълони таҷрибаомӯзии пулакӣ дар ташкилоти молиявии хурди “Чилучорчашма”-ро дида, пас аз машварат бо аҳли оилааш тасмим гирифт, ки бахти худро санҷад. Ҳоло ӯ як сол боз дар ширкат кор мекунад ва илова бар ин, аз таҷрибаи худ ба се нафар коромӯзон маълумот медиҳад.

“Ташкилоти мо хурд буда, ҳамагӣ 7 корманд дорем. Аммо ман рафтан намехоҳам, зеро ин ширкат ба ман бисёр чизҳо дод ва ман мехоҳам ба ивази он чизе диҳам, дар рушдаш саҳм гузорам”, - мегӯяд Акбар

Натиҷаҳо

Барномаи USAID ACAT дар пешбурди талошҳо барои баланд бардоштани омӯзиш дар соҳаи агробизнес ва фароҳам овардани имкониятҳои сайқал додани касб барои ҷавонон дар Хатлон кӯмак кард. Бахши кишоварзӣ, ки маъмулан кори вазнини дастӣ талаб карда, маоши кам пешниҳод мекунад, хеле кам ҷавононро ҷалб мекунад, аз ин рӯ, онҳо ҷиҳати санҷиши бахти худ бештар барои ҷустуҷӯи кор ба шаҳрҳо мераванд ё муоҷирати меҳнатиро дар хориҷи кишвар афзалтар медонанд. Бо вуҷуди ин, аз ҳама соҳаҳои иқтисодиёт, агробизнес аз ҷиҳати имкониятҳои инноватсионӣ иқтидори бештар дорад. Ҷавонон аксар вақт майл доранд, ки таҷрибаҳои навро омӯзанд ва таваккал кунанд ва ба ин васила пайвандгари таҷрибаҳои анъанавии кишоварзӣ ва ғояҳои нав бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.