Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 май дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо намояндагони беш аз 40 ширкати бонуфузи сармоягузорӣ ва тиҷоратии ин кишвар дидору суҳбат кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки мулоқот ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумони кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳамкориву шарикӣ дар самти пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ тавассути муҳайё намудани шароити мусоид манфиатдор мебошад.
“Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегӣ ва бахшҳои афзалиятнок, бахусус, энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад”, - гуфт сарвари давлати Тоҷикистон.
“Қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 100 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад”, - таъкид дошт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин имконият дод, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол то 40 фоиз афзоиш ёбад.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ, тайи 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 ммлрд доллар сармоя ворид гардидааст, ки беш аз 57 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Чин дар навбати худ ба дастрас намудани энергия аз сарчашмаҳои барқароршаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва имконоти содироти неруи барқ ба Чин баррасӣ шуданд.
Ғайр аз ин, зимни мулоқот масъалаи саноатикунонӣ ва рушди саноат дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тоҷирони Чин ба роҳандозии ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, аз ҷумла тариқи таъсиси корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Онҳо ҳамчунин ба рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон манфиатдорӣ изҳор намуда, зикр карданд, ки дар шароити афзоиши талабот ба ғизо ва маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, Тоҷикистон имкон дорад, ки таъминкунандаи ин гуна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Чин гардад.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста