Дар Душанбе рӯзи 30 май маросими тантанавии анҷоми лоиҳаи USAID оид ба рақобтпазирии агробизнес (тиҷорат ба соҳаи кишоварзӣ) дар Тоҷикистон (АСАТ) баргузор шуд, ки аз соли 2018 дар Тоҷикистон мавриди амал қарор дошт.
Лоиҳаи АСАТ аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, ба баланд бардоштани рақобатпазирии бахши кишоварзии Тоҷикистон ва ҳавасмандсозӣ дар рушди иқтисод, инчунин афзоиши шуғл ва беҳбуди шароити зиндагии фермерон ва соҳибкорон аз агробизнес равона гардида буд. Лоиҳа бо тамаркузи ҷуғрофӣ дар дувоздаҳ ноҳияи минтақаи ҷанубу ғарби вилояти Хатлон - маҳз ҳамон қисмати Тоҷикистон, ки дар он ҷо бахши кишоварзӣ нақши калидӣ бозида, ба дастгириву беҳбуд ниёз дорад, амалӣ шуд.
Чорабинӣ аз се қисм - маросими расмӣ бо суханрониҳои намояндагони мақомоти давлатӣ, директори лоиҳаи АСАТ, намоишгоҳи маҳсулоти шарикон бо викторинаҳои шавқовар, инчунин тамошои филми мустанад дар бораи дастовардҳои лоиҳа иборат буд.
Дар ин маросим сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, директори Агентии ИМА оид ба рушд дар Тоҷикистон Питер Райли, намояндагони Ҳукумати вилояти Хатлон, Вазорати кишоварзӣ ва шарикони лоиҳа - корхонаҳои хурду миёнаи аграрии вилояти Хатлон ҳузур доштанд.
Питер Райли, директори Агентии ИМА оид ба рушд дар Тоҷикистон нақши муҳими бозидаи лоиҳаро таъкид дошт: “Имрӯз мо дар робита ба анҷоми USAID ACAT ҷамъ омадем. Лекин донистан муҳим аст, ки анҷоми бевоситаи ин лоиҳа маънои ба охир расидани рушди агробизнесро надорад. Идомаи кор, роҳандозии шарикӣ ва ҷалби сармоягузориҳо муҳим мебошад”. Ҳамчунин Питер Райли рисолати асосии лоиҳаро шарҳ дод: “Моро мепурсанд, ки барои чӣ ин корро мекунем: Ин лоиҳа барои чӣ лозим аст? Ҳадафи мо имкон додан ба одамон барои амалисозии мақсадҳои онҳост”.
Роҳбари лоиҳаи АСАТ Лилия Твердун зимни суханронии худ зикр кард, ки дар давоми панҷ соли татбиқи лоиҳа вилояти Хатлон воқеан ҳам тавонист дар рушди худ қадаме пеш гузорад. Ҳамчунин Лилия муҳимияти тиҷорати хурду миёна ва нақши назарраси онро барои иқтисоди Тоҷикистон таъкид дошт.
Дар суханрониҳои худ шарикони лоиҳа дар бораи бо чӣ гуна мушкилот дучор шуданашон дар пешбурди тиҷорат то лоиҳа, инчунин чӣ хел тағйирот сурат гирифтан дар тиҷорат ва ҳаёташон пас аз ҳамкорӣ бо АСАТ изҳори назар карданд. Лоиҳа дастгирии онҳоро натанҳо дар ҳамон ҷову ҳамон вақт дастгирӣ намуд, балки барои рушди устувори минбаъдаи тиҷорати онҳо маблағгузорӣ кард.
Уғулой Абдуллоева, муассиси истеҳсолоти "Муҳаммадҷон -А" Балхӣ, вилояти Хатлон дар бораи ба кадом комёбиҳо ноил гардиданаш ба туфайли лоиҳа чунин изҳори назар кард: "То истеҳсоли панир ба парваришио сабзавоту растаниҳои полезӣ — харбузаю тарбуз, зироати ғалладона, пахта машгул будам. Метавон гуфт, ки ман худам ва касби дилхоҳамро меҷустам, ки он на танҳо даромади хуб орад балки устуворӣ дар рушд ва манфиат ба ҷомеаеро, ки дар он иқомат дорам, таъмин кунад. Соли 2018 ман дар бораи лоиҳаи ACAT ва имкониятҳо дар соҳаи истеҳсолоти шир огаҳӣ ёфтам. Моҳи декабри соли 2021 ман маҷмӯи муосири таҷҳизоти истеҳсоли панир гирифтам. Имрӯзҳо панирҳои маро дар ҳама мағозаҳои Балхӣ ва ҳамчунин дар 14 мағозаи шаҳри Бохтар пайдо кардан мумкин аст. Бо туфайли АСАТ ба ман муяссар шуд, ки интиқоли маҳсулотамро ба шабакаи бузурги супермаркетҳои шаҳри Душанбе ба роҳ монам".
Дар зарфи ин панҷ сол USAID ба бахши агробизнеси Тоҷикистон дар ноҳияҳои қисмати ҷанубу ғарби вилояти Хатлон ҳудуди 18,6 млн доллар маблағгузорӣ кард. Сармоягузориҳои грантии USAID ба муассисаҳои молиявӣ ба ҷавонон ҷиҳати дарёфти қарзҳо ба маблағи зиёда аз 277 000 доллари ИМА кумак карданд. Дар ҳамин ҳол, 68%-и қарзҳо ба занон дода шуданд.
Ба туфайли грантҳои USAID аз ҷониби АСАТ барои 755 корхонаҳои хурду миёнаи бахши кишоварзӣ зиёда аз 16 млн сомонӣ (1,5 млн доллари ИМА) қарз дода шуд, ки 61%-и он ба занон ва 23%-аш ба ҷавонон (синни то 30-сола) рост меояд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста