Президенти Бонки осиёии рушд (БОР) Масатсугу Асакава рӯзҳои 12-13 июн аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар дод намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл рӯзи 1 июн зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО дар Душанбе.

Дар ҷараёни сафар дидору гуфтушунидҳои Асакава бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мансабдорони воломақоми ҳукумати кишвар ҷиҳати машварат оид ба эҳтиёҷот рушди Тоҷикистон ва Барномаи кумаки Бонк ба ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимни боздид баргузории чорабиниҳо ба муносибати 25-солагии шарикӣ бо Тоҷикистон, инчнин 20-умин солгарди таъсисёбии намояндагии доимии БОР дар ҷумҳурӣ дар назар аст.

Зимнан зикр шуд, ки дар доираи сафар Асакава ҳамчунин бо рафти амалисозии лоиҳаҳои Бонк дар Тоҷикистон аз наздик шинос мешавад.

БОР соли гузашта ба Тоҷикистон ба сифати кумаки бебозгашт 221 млн доллар ва соли равон - 80 млн доллар ҷудо карда, соли оянда ихтисос додани 240 млн доллар грантро дар нақша дорад.

Дар назар аст, ки соли 2023 БОР ду лоиҳаи навро ҷиҳати маъқул шуморидан то охири ҳамин сол таҳия мекунад: “Рушди электроэнергетика” ва “Баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологияҳо, муҳандисӣ ва математика (STEM)”.

Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба се самти афзалиятнок асос меёбад:

- ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо;

- баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ;

- мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисод.

1/2

Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз соли 2018 иқтисоди Тоҷикистонро танҳо дар шакли кумаки бебозгашт дастгирӣ мекунад.

Аз соли 1998 Бонк барои Тоҷикистон зиёда аз 180 лоиҳаро ба маблағи умумии 2,5 млрд доллар, аз ҷумла 1,9 млрд доллар дар шакли грант маъқул донист. 

Ҳудуди 34% аз ин кумак ба соҳаи нақлиёт, 24% - ба энергетика, 12% - ба идоракунии давлатӣ, 11% - ба бахши кишоварзӣ ва қисмати боқмонда - ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, молия ва зерсохтори шаҳр рост меояд.

Масатсугу Асакава 17 январи соли 2020 ба ҳайси президенти БОР ба фаъолият пардохт. То омадан ба ин мансаб ба сифати мушвири сарвазир ва вазири молияи Ҷопон ва қариб чор даҳсола дар Вазорати молияи Ҷопон кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.