Ҳафтаи гузашта дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон вазъи таъминоти кадрӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ баҳс шуд, ки дар он намояндагони ҳукумат ва мутахассисон ширкат доштанд. Мавзӯи меҳварии чорабинӣ “фирори мағзҳо” ё кӯч бастани мутахасисони соҳаи маорифу тандурустӣ ба хориҷи кишвар ва афзоиши қабули шаҳрвандии Русия аз сӯи зодагони Тоҷикистон буд.

Анвар Бобоев, собиқ сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, коршиноси масоили муҳоҷират яке аз иштирокчиёни баҳси мазкур буд, ки баъзе ҷанбаҳои “фирори зеҳнҳо”-ро ба чолиш кашид. Ӯ аз ҷумла гуфт, аз Тоҷикистон рафтани мутахассисон ба иқтисоди кишвар қариб 80 миллиард доллар зарар овардааст.

Дар робита ба муҳим будани мавзӯъ, тасмим гирифтем бо Анвар Бобоев мусоҳиба ороста, баъзе аз паҳлӯҳои кӯчбандии мутахасисон ба хориҷи кишварро рӯшан намоем.

- Бисёриҳо сабаби асосии “фирори зеҳн”-ҳоро маоши паст ва додани имтиёз аз сӯи кишварҳои қабулкунанда маънидод мекунанд. Ба фикри Шумо, чаро мутахасиссони тоҷик аз кишвар мераванд?

- Тайи даҳсолаҳои охир ҳазорҳо нафар кадрҳои болаёқату бомаърифати кишвар тарки Ватан карданд ва мутаассифона, ин раванд то ҳол идома дорад, ки оқибати он хисороти калони ақлию зеҳнӣ буда, рушди устувори мамлакатро халалдор мекунад.

Дар баробари ниҳоят паст будани музди меҳнат, сабабҳои асосии “фирори зеҳнҳо”, сатҳи баланди бекорӣ ва пайдо накардани кори арзанда ё шуғли пурмаҳсул, сарбории зиёди ғайривоқеӣ, муносибати дурушт аз тарафи роҳбарияти муассиса ва надоштани имконияти пешравӣ дар мансаб мебошад.

Анвар Бобоев
Акс аз саҳифаи Хадамоти муҳоҷират дар фейсбук

Дар натиҷаи аз соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ба хориҷа рафтани кормандону мутахассисон, имрӯз мушкилоти нарасидани мутахассисони лаёқатманд ва собиқадор дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба амал омадааст.

Дар бисёре аз мактабҳои кишвар теъдоди талабагон дар як синф ба ҳисоби миёна 40-50 нафарро ташкил медиҳад, ҳол он ки меъёри муқарраршуда барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 25 нафар муайян карда шудааст.

Ба монанди ин, дигар мушкилиҳои зиёд низ вуҷуд доранд. Магар бо чунин аҳвол мо метавонем сифати таълимро барои фарзандон баланд бардорем ва аз қисми зиёди онҳо кадрҳои бамаърифати сатҳи байналхалқиро ба воя расонем?

Дар баробари соҳаи маориф, мушкилиҳо дар соҳаи тандурустӣ ҳам ба назар мерасанд ва яке аз онҳо нокифоя будани музди меҳнати миёнаи табибон аст, ки он дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пасттарин мебошад.

Аз Тоҷикистон рафтани кадрҳои боистеъдод боиси боз ҳам хароб гардидани тавоноии муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ  мегардад ва аз ин хотир, азнавсозӣ ва қабули нақшаю барномаҳои созанда дар ин самти фаъолият ба мақсад мувофиқ аст.  

- Оё омори мушаххасе мавҷуд аст, ки давоми 30 соли охир чанд мутахассис тарки соҳа карда ба хориҷа рафтаанд?

-  Дар асоси маълумоти оморӣ, аз соли 1991 то 2010-ум 266 ҳазор нафар мутахассиси соҳаҳои гуногун, махсусан соҳаҳои тандурустӣ ва маориф тарки соҳа карда, ба хориҷи кишвар кӯч бастаанд.

Аз ҷумла, дар 20 сол (1991-2010), 17 ҳазор корманди соҳаи маориф, 25 ҳазор мутахассиси соҳаи тандурустӣ, 162 ҳазор нафар корманди соҳаи саноат, 40 ҳазор корманди соҳаи нақлиёт ва алоқа, 22 ҳазор мутахассиси соҳаҳои илм ва хизматрасонии илмӣ, фарҳанг ва санъат аз Тоҷикистон кӯчида, ҳамин шумора кам гардид.

Мутаассифона, солҳои минбаъда чунин маълумоти оморӣ пешниҳод намегардад, аз ин лиҳоз имконияти таҳлили воқеии хисороти кадрӣ ба кишвар дар 10 соли охир маҳдуд аст.


- “Фирори зеҳн”-ҳо ба Тоҷикистон чӣ қадар зарар расонид?

- Ҳисобҳои дар асоси методикаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки дар ҳолати тарки ватан кардани як нафар мутахассис ба давлат 300 ҳазор доллари амрикоӣ зарар расонида мешавад.

Пас маълум мегардад, ки аз тарки кишвар кардани 266 ҳазор мутахассис Тоҷикистон 79 миллиарду 800 миллион долар зарар дидааст.

Он бевосита дар заминаи баланд бардоштани донишу малака, ақлу хирад ва маърифати ояндаи шаҳрвандони кишварамон таъсири манфӣ мерасонад.

Дар баробари ин, қайд кардан лозим аст, ки тайи солҳои 2013-2019 мутобиқи Барномаи давлатӣ оид ба мусоидат намудан ба кӯчидани ихтиёрии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия зиёда аз 25 ҳазор нафар ба ин кишвар барои зисти доимӣ рафтаанд, ки бештар аз 60%-и онҳоро ҷавонон ва мутахассисони соҳаҳои илм, маориф ва тандурустӣ ташкил медиҳад.

Мутаассифона, чунин раванд идома дорад ва мамлакатро кадрҳои беҳтарину ояндадор тарк мекунанд. Мутобиқи барномаи зикргардида, барои зисти доимӣ ва фаъолияти корӣ дар Русия кадрҳои зарурӣ, барои иштирок дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакат, интихоб ва ҷалб карда мешаванд.

- Солҳои охир теъдоди гирандагони шаҳрвандии Русия аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон, махсусан табибон ва омӯзгорон афзоиш меёбад. Ин ба системаи кадрии ду соҳа чӣ таъсир дорад?

- Омили дигари манфие, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон ба он дучор гардидааст, ин ҳар сол зиёд шудани теъдоди гирандагони шаҳрвандии Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Танҳо дар семоҳаи аввали соли 2023 қариб 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрванди Русияро гирифтаанд.

Ин гуна босуръат тарки ватан кардани аҳолии мамлакат, ки қисми зиёди онҳоро захираҳои меҳнатии солим аз ҳисоби ҷавонон ташкил медиҳад, ташвишовар мебошад ва он наметавонад мақомотҳои дахлдори давлатиро ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаи номатлуби бохти кадрҳо бетараф созад.

Акс аз РИА Новости / Кирилл Каллиников

-Чӣ бояд кард?

-Барои омода намудани мутахассисони босалоҳияту баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва шарикони рушд,  ба консепсия ва барномаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ислоҳот ворид карда шавад.

Инчунин, бо мақсади паст намудани сатҳи муҳоҷирати кадрҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, роҳбарони ҳукумати шаҳру ноҳияҳо якҷо бо мақомоти марбута барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кадрҳои ҷавон имтиёзҳо пешниҳод кунанд.

Танҳо дар ин сурат, мо метавонем аз тарки кишвар кардани мутахассисон пешгирӣ кунем.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.