Сарвазири Русия Михаил Мишустин изҳор дошт, ки Русия ва Тоҷикистон ба густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳифзи ҳамкориҳои дуҷониба аз таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб афзалият медиҳанд.
"Мо тавассути ҳукумат иҷрои тавофуқоти раҳбаронамонро таъмин мекунем, ба таҳкими равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳамкории мутақобила, ҳифзи он аз таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб афзалият медиҳем", - иброз доштааст Мишустин рӯзи 8 июн зимни мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода.
Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, Мишустин ёдовар шудааст, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст: дар соли 2022 гардиши мутақобилаи мол байни кишварҳо 18% афзоиш ёфта, қариб ба 105 млрд рубл расидааст.
“Сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш ёфта, ширкатҳои ватанӣ дар бахши энергетика, иқтисоди рақамӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва як қатор бахшҳои дигар фаъолона кор мекунанд», - гуфтааст сарвазири Русия.
Ба гуфтаи Мишустин, ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
“Имсол баргузории Рӯзи синамои Русия ва Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар назар аст”, - изҳор доштааст ӯ.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки аз 1 сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон панҷ мактаби таҳсилоти умумии аз ҷониби Русия сохташуда бо таълим ба забони русӣ ва тибқи меъёрҳои таълимии Русия ба кор шурӯъ карданд.
"Ва ман боздид аз яке аз ин мактабҳо - мактаби ба номи Юрий Гагаринро низ бо камоли мамнуният ба ёд меорам. Ман дар моҳи март ҳангоми сафари худ ба Душанбе аз он боздид кардам, аз худи мактаб, суҳбат бо хонандагони он, рӯҳияи дӯстӣ ва хотираи умумии таърихӣ, фарҳанг ва толибилмону омӯзгорони ин муассиса таассуроти беҳтарин бардоштам. Ташаккури зиёд барои ин лоиҳа”, - зикр кардааст Мишустин.
Сарвазири Русия гуфтааст, ба тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки ба афзоиши гардиши мол, ҷалби сармоя ва роҳандозии лоиҳаҳои нави муштараки ҳамкорӣ мусоидат мекунад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Сочии Русия қарор дошта, чанде пеш дар ин ҷо ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) доир гардид. Дар он Қоҳир Расулзода ба сифати меҳмони даъватшуда ширкат варзид.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста