Сарфи назар аз хароҷоти бисёрмиллиона барои баргузории чорабииҳои гуногун, сатҳи талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.
Тибқи маълумоти ширкатҳои электроэнергетикии кишвар, ҳаҷми умумии талафот (дар вақти истеҳсол, интиқол ва тақсимоти он) дар нимсолаи аввали соли равон каме бештар аз 2 млрд 415 млн киловатт-соатро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли 2022 низ ҳаҷми талафот ҳамин миқдорро ташкил дода буд - 2 млрд 417 млн кВт/соат.
Аз ҷумла талафоти барқ дар Неругоҳҳои барқи обӣ (НБО) ва Марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ) ҳудуди 39 млн кВт/соат ё худ 0,49% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил додаанд. Дар ҳамин давраи соли 2022 низ талафот дар ҳамин сатҳ - 37 млн кВт/соат ё худ 0,48% қарор дошт.
Ба иттилои ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, талафот дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳо дар нимсолаи аввал 376 млн кВт/соат (3,47%)-ро ташкил додаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 380 млн кВт/соат (3,37%) баробар буд.
Дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” зикр мекунанд, ки талафот дар вақти тақсимоти барқ беш аз 2 млрд 067 млн кВт/соат (22,6%)-ро ташкил дода, дар ҳамин давраи соли 2022 ин нишондиҳанда ба 2 млрд кВт/соат (23%) баробар буд.
Қисми зиёди ҳаҷми барқ ба мисли солҳои пешин дар вақти тақсимоти он миёни истеъмолгарони ниҳоӣ тлаф меёбад ва ба талафоти тиҷоратӣ (дуздӣ) мансуб аст.
Гуфтаҳои президент
Дар ширкати тақсимоти барқ мегӯянд, барои коҳиши сатҳи талафот чорабиниҳои сершумор, аз ҷумла таҷдиди иншооти зерсохтор гузаронида мешаванд. Дар тавозуни ин ширкат зеристоҳҳои трансформатор, трансформаторҳои шиддатнок, хатҳои пастшиддат, ҳисобкунакҳои барқӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои тақсимоти барқ қарор доранд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ рӯзи 23 декабри соли гузашта изҳор дошт, ки аз панҷ як ҳиссаи барқи истеҳсолшуда дар кишвар талаф ёфта, талафоти техникии он ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ мерасонад.
Президент таъкид дошт, ки барои таъмиру навсозии шабакаҳои барқи кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 10,7 млрд сомонӣ масраф шудааст. Аммо талафоти барқ, ба гуфтаи ӯ, “то ҳол боиси нигаронӣ аст”.
Вазорати энергетика ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” уҳдадор шуданд, ки амалисозии лоиҳаҳо оид ба коҳиши талафоти барқро, ки маблағи умумиашон 2,4 млрд сомониро ташкил медиҳад, саривақт ва дар сатҳи сифатан баланд таъмин мекунанд.
Дар ин лоиҳаҳо пайваст кардани зиёда аз 800 ҳазор ҳисобкунакҳои барқ дар шаҳру ноҳияҳои ҷудогона пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин Вазорати энергетика уҳдадор шуд, ки дар ҳамдастӣ бо ширкату корхонаҳои соҳа ҷиҳати таъсиси системаи ягонаи марказонидашудаи биллингӣ тадбирҳои таъхирнопазир рӯйи даст мегирад.
Ба ақидаи президент, бо насби ҳисобкунакҳои ҳушманд то соли 2025 талафоти барқро метавон то 9% кам кард.
Як сол пеш президент дар паёми худ изҳор дошта буд, ки барои таъмини пурра ва солонаи ҳамаи истеъмолгарони дохилӣ иқтидорҳо кофӣ мебошанд, лекин талафот хеле зиёд буда аллакай ба 16% аз ҳаҷми умумии истеҳсол расидаанд.
“Чӣ корҳое, ки намешаванд”, - гуфта буд он замон президент бо ишора ба хусусияти тиҷоратии талафот.
Ӯ зикр кард, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдор аз рӯи масъалаи зикршуда санҷишҳо гузаронида мешаванд.
Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 10 млрд 653,3 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 341,2 млн кВт/соат зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 мебошад.
Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
“Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Посух ба муҳимтарин саволҳо инҷост
Ифшои маълумоти махфӣ дар Исроил, изҳороти Пизишкиён, аввалин ҷанги сарбозони Корея дар Курск, интихоб миёни Трамп ва Ҳаррис
Дар Душанбе давраҳои омӯзишии ройгон оид ба эҷоди муҳтавои расонаҳо ва мубориза бо дурӯғпароканӣ оғоз шуд
“Занат аз болои ту шикоят кард, талоқаш деҳ!”. Милитсия ба шикояти занон аз зӯроварӣ чӣ гуна вокуниш мекунад?
Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузории Фонди кувайтии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон
Се шаҳрванди Покистон барои фурӯши сиккаҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста