Ҳукумати Русия рӯзи 21 сентябр дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои муваққатӣ ба содироти бензини автомобилӣ ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) қарор қабул кард.
"Маҳдудиятҳои муваққатӣ ба таъмини бештари бозори сӯзишворӣ мусоидат мекунанд, ки дар навбати худ нарх барои истеъмолгаронро коҳиш медиҳад", - хабар дода мешавад дар торнамои ҳукумати Русия.
Дар ҳамин ҳол, РБК бо истинод ба Вазорати энергетикаи Русия менависад, маҳдудиятҳо ба қатъи содироти пасипардагиии сӯзишворӣ (вақте ки иштирокчиёни бозор онро дар бозори дохилӣ бо нархи дохилии Русия харидорӣ мекунанд ва ба хориҷа бо нархи нисбатан баландтар мефурӯшанд) ва таъмини зиёдтари бозори дохилӣ имкон медиҳанд, ки дар навбати худ талаботро зиёд менамояд ва ба поинравии иловагии нарх боис мегардад.
Дар бораи давомнокии муҳлати амали маҳдудиятҳо хабар дода намешавад.
Пешакӣ ба мувофиқа расида буданд
Тоҷикистон қисмати зиёди маҳсулоти нафтиро аз Русия - аз корхонаҳои коркарди нафти Омск ва Орск ворид мекунад.
Бино ба маълумоти Агентии зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ҳудуди 452 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки 85,4%-и он аз Русия оварда шудааст.
Ҳаҷми воридоти бензин ҳудуди 175 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ҳудуди 60%-и воридоти ин маҳсулот аз ҷониби ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон”, 7,0% - аз ҷониби Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумати ҶТ, 4,0% - ҶДММ “Сеганҷ” ва боқимонда 27% - аз ҷониби дигар ширкатҳо амалӣ шудааст.
Шурӯъ аз соли 2013 Тоҷикистон ҳамасола аз Русия бар асоси имтиёз (бидуни пардохти боҷи содиротӣ) маводи сӯзишворӣ мегирад.
Вазоратҳои энергетикаи ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, дар бораи интиқоли ҳаҷми мушаххаси маҳсулоти нафтии Русия ба ҷумҳурӣ қарордод ба имзо мерасонанд.
Тайи солҳои ахир ҷонибҳо ҳамеша дар бораи интиқоли 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ қарордод имзо карда, ба афзоиши он дар соли 2023 то ҳаҷми 1 млн тонна муофиқа ҳосил карданд.
“Мувофиқи ин санад, ҳаҷми умумии тавозуни индикативӣ афзуд, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли бензини автомобилӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба бозори Тоҷикистон”, - зикр шуда буд дар хабари Вазорати энергетикаи Тоҷикистон пас аз имзои қарордод.
Ҷонибҳо ба иҷрои ҳамаи бандҳои санади имзошуда уҳдадор шуданд. Мутаносибан, маҳдудиятҳои ҷанде пеш ҷоришуда ба содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон дахл карда наметавонад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 853 ҳазор тонна маҳсулоти нафтии гуногун ворид карда шудааст, аз ҷумла:
- 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ;
- 320 ҳазор тонна бензин;
- 60 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ;
- 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ;
- 30 ҳазор тонна битум ва мазут;
- 1,2 ҳазор тонна дигар маҳсулоти нафтӣ.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста