Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар иҷлосияи охири парлумон, ки раванди гирифтани қарзи беруна баҳс мешуд, аз Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон пурсид, ки дар соли 2024 чӣ гуна қарзҳои берунаро бармегардонанд. Вазир посух дод, ки барои он маблағҳои заруриро доранд.
Ба навиштаи рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи парлумони кишвар, Файзиддин Қаҳҳорзода дар иҷлосияи парлумон гуфтааст, Тоҷикистон ният дорад, дар се соли оянда (2024-2026) барои иҷрои 12 созишномаи давлатӣ зиёда аз 1,4 млрд. доллари ИМА аз хориҷи кишвар қарз ё грант ҷалб кунад.
Ӯ ин суханонро 15-уми ноябр қабл аз тасвиби лоиҳаи “Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои он барои солҳои 2025-2026” иброз доштааст.
Файзиддин Қаҳҳорзода дар назди вакилони иттилоъ додааст, ки барномаи қарзгирии беруна барои 3 соли оянда, дар асоси муқаррароти қонуни қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ва мутобиқ ба меъёрҳое, ки дар “Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” пешбинӣ шудааст, таҳия гардидааст.
Ба иттилои номбурда, барномаи қарзгирии Тоҷикистон дар се соли оянда 48 созишномаи қарзиро дар назар дорад, ки аз он 36 созишномаи қарзӣ ба маблағи зиёда аз 1,4 млрд. доллари ИМА аллакай дар ҳоли амалӣ аст.
Дар назар аст, ки дар оянда 12 созишномаи дигар ба маблағи зиёда аз 1,4 млрд. доллари ИМА ҷалб карда шавад.
“Азхудкунии маблағҳои қарзӣ барои давраи солҳои 2024 — 2026 дар доираи ин барнома дар ҳаҷми умумии 1150,6 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соли 2024 дар ҳаҷми 381,5 млн. доллар, дар соли 2025 — 377,4 млн. доллар ва барои соли 2026 дар ҳаҷми 391,7 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст”, - гуфтааст вазири молияи кишвар.
Дар ҳамин ҳол, Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз Файзиддин Қаҳҳорзода пурсидааст, ки дар соли 2024 чӣ гуна қарзҳои берунаро бармегардонанд.
Файзиддин Қаҳҳорзода посух додааст, ки барои баргардонидани қарз маблағи зарурӣ мавҷуд аст.
“Ҳолатҳои сари вақт пардохт накардани мабалағҳои қарзӣ ҷой надорад ва тамоми имконот барои таъмини нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона карда мешавад”, - гуфтааст вазири молия.
Саидҷаъфар Усмонзода зимни сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар умум, аз посухи вазири молия қонеъ аст.
Дар идома вазири молия зикр кардааст, ки лоиҳаи қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 барои қарзи беруна 1 235,7 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла барои соли 2024 дар ҳаҷми 283,9 млн. доллари амрикоӣ, дар соли 2025 — 453,7 млн. доллари амрикоӣ ва барои соли 2026 дар ҳаҷми 498 млн. доллари амрикоӣ, ба нақша гирифта шудааст.
Файзиддин Қаҳҳорзода гуфтааст, барномаи қарзгирӣ дурнамо буда, “бо ҷалб гардидани маблағҳои иловагии қарзӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ бозбинӣ карда мешаванд”.
Ӯ ба вакилон хабар додааст, ки 10 моҳи соли равон аз ҳисоби маблағҳои қарзии ҷалбшуда 89,1 млн. доллари амрикоӣ аз худ карда, то охири соли 2023 азхудкунии 124,4 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
“Дар баробари ин барои хизматрасонии қарзи беруна 212,2 млн. доллари амрикоӣ пардохт карда шуд, ки аз он 139 млн. доллари амрикоӣ қарзи асосӣ ва 73,2 млн. доллари амрикоӣ фоизи қарзро ташкил медиҳад”, - гуфтааст номбурда.
Вазири молия гуфтааст, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ду созишномаи қарзӣ ба маблағи умумии 19,5 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди НБО-и Қайроққум” ба маблағи 10 млн. доллари амрикоӣ созишномаи кафолатӣ ва бо Бонки исломии рушд барои татбиқи лоиҳаи “Дастгирии татбиқи стратегияи миллии рушди маориф” 9,5 млн. доллари амрикоӣ созишнома ба имзо расонида шуданд.
Ба иттилои вай, то якуми октябри соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи давлатии кишвар 3,6 млрд. доллари амрикоӣ ё 30,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил менамояд, ки аз он 3,2 млрд. доллари амрикоӣ ё 89 фоиз қарзи берунаи давлатӣ ва 0,4 млрд. доллари амрикоӣ ё 11 фоиз қарзи дохилӣ мебошад.
Бояд зикр кард, ки баҳси қарзи берунаи Тоҷикистон гоҳо дар маҳфилҳои сиёсиву иқтисодӣ ба баҳс кашида мешавад. Баъзе коршиносони масоили иқтисодӣ нигаронӣ мекунанд, ки қарзи берунаи кишвар дар ҳоли афзоиш аст ва он пайомади хуб надорад. Вале мақомот ҳамеша мегӯянд, ки қарзро сари вақт бармегардонанд ва ҷои нигаронӣ нест.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста