Корхонаи “Роҳҳои оҳани Қазоқистон” (Казахстан темир жолы) ба ширкатҳои машғули боркашонӣ тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон аз 30 то 50% тахфиф пешниҳод мекунад, ки ба афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидат мекунад.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин масъала дар вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Тӯрахонов баррасӣ шудааст.
“Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ намуданд”, - омадааст дар хабар.
Зикр шудааст, ки айни ҳол бо Қазоқистон 5 хатсайри байналмилалии нақлиёти мусофирбарӣ дар масири Хуҷанд - Шимкент, Хучанд - Уш Конир, Бохтар - Саригаш, Хуҷанд – Жибек Жоли ва Хуҷанд – Иргели фаъолият доранд. Дар давоми 11 моҳи соли равон шумораи мусофирбарӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон 5259 нафарро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, сафири Қазоқистон низ аз ҳамкориҳои миёни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кардааст, ки ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни ду давлат, бахусус дар соҳаи ҳамлу нақл мусоидат хоҳад кард.
Моҳи августи соли ҷорӣ хадамоти матбуоти “Роҳи оҳани Қазоқистон” хабар дода буд, ки роҳиоҳанчиёни Қазоқистону Тоҷикистон корхонаи муштарак боз мекунанд. Ҳамзамон хабар дода шуд, ки ҳаҷми ҳамлу нақли роҳи оҳан байни кишварҳо тағйир меёбад.
«Бо назардошти афзоиши солона, роҳиоҳанчиёни ду кишвар ният доранд, ки бо таъсиси маркази нақлиёту тақсимот дар истгоҳи “Хатлон” (Тоҷикистон) як корхонаи муштарак ифтитоҳ кунанд, ки дар он борҳо аз минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон ва содирот аз Қазоқистон муттаҳид карда мешаванд», - зикр гардида буд дар хабар.
Соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан байни кишварҳо зиёда аз 4 млн тонна ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ - 2,7 млн тоннаро ташкил дод.
Бино ба маълумоти оморӣ, ҳаҷми умумии савди дуҷонибаи Тоҷикистони Қазоқистон дар зарфи 10 моҳи соли равон 937 млн долларро ташкил дод, ки 19,1% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.
Аз ҷумла, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон каме бештар аз 225 млн доллар ва воридоти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон - ҳудуди 718 млн долларро тташкил дод.
Дар муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон Қазоқистон пас аз Русия (ҳудуди 1,4 млрд доллар) ва Чин (қариб 1,2 млрд доллар) зинаи сеюмро ишғол мекунад.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста