Аз 1 январи соли 2024 маблағи пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт ба андозаи 5,88% зиёд мешавад. Ин ба болоравии нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста буда, дар соли нав он аз 68 сомонӣ (6,2 доллар)-и ҳозира то ба 72 сомонӣ (6,6 доллар) боло меравад.

Меъёрҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт мувофиқи Кодекси андози амалкунанда вобаста ба иқтидори муҳаррик, фишори муҳаррики реактивӣ, номгӯй, ҷои нишаст, иқтидори борбардорӣ, соҳаи фаъолият бо ҳисоби як қувваи аспи иқтидори муҳаррик, як кВт/соат қувваи барқи иқтидори муҳаррик ва як килограмм - фишори муҳаррики реактивӣ, муқаррар карда мешаванд.

Масалан, меъёрҳои андозбандӣ ба автомашинаҳои сабукрав ба маблағҳои зерин муқаррар карда шудааст:

- то 250 қувваи асп - 7,5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои ҳар як қувваи асп);

- аз 250 то 300 қувваи асп - 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- аз 300 то 350 қувваи асп - 12% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- зиёда аз 350 қувваи асп - 15% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Ба ин тариқ, барои автомашинаҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон то 250 қувваи асп дар соли 2024 маблағи андоз аз воситаи нақлиёт 1350 сомонӣ (ба ҷойи 1275 сомонӣ дар соли 2023)-ро ташкил медиҳад.

Барои автомашинаҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон аз 250 то 300 қувваи асп дар соли 2024 андоз аз воситаи воситаи нақлиётро ба ҷойи аз 1700 сомонӣ то 2040 сомонӣ дар соли 2023 дар ҳаҷми аз 1800 то 2160 сомонӣ пардохт мекунанд.

Барои автомашинаҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон аз 300 то 350 қувваи асп дар соли 2024 маблағи андоз аз воситаи нақлиёт ба аз 2592 сомонӣ то 3024 сомонӣ (ба ҷойи аз 2448 сомонӣ то 2856 сомонӣ дар соли 2023) баробар мешавад.

Барои автомашинаҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон зиёда аз 350 қувваи асп дар соли 2024 маблағи андоз аз воситаи нақлиёт 3780 сомонӣ (ба ҷойи 3570 сомонӣ дар соли 2023)-ро ташкил медиҳад.


Бо меъёрҳои андоз ба дигар воситаҳои нақлиёт (мотосиклҳо, автобус, мошинҳои боркаш, трактору ҳавопаймо ва ғайра) дар Кодекси андоз (моддаи 360) маълумот дарёфт кардан имкон дорад.

Мутобиқи қонунгузории амалкунанда андоз аз воситаҳои нақлиёт дар баробари андоз аз амволи ғайриманқул ва андоз аз замин ба андоз аз амвол дохил мешавад, ки дар навбати худ, андозҳои маҳаллӣ шуморида мешаванд.

Автомобилу мотосикл, мотороллер, автобус ва дигар механизмҳои худгарди пневматикӣ ва тасмачарх, ҳавопаймо ва чархбол, локомотивҳои роҳи оҳан, заврақҳо, киштиҳои муҳаррикдор, яхтаҳо, киштиҳои бодбондор, обгардҳои муҳаррикдор ва дигар воситаҳои нақлиёти обӣ ва ҳавоӣ объектҳои андозбандӣ мебошанд.

Сарфи назар аз корношоям будани воситаи нақлиёт ё истифода накардани он бо ягон сабаб, молики он (шахсе, ки дар номи ӯ ба қайд гирифта шудааст) уҳдадор аст, ки барои он андоз пардохт кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.