Вакилони парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” тағйирот ворид карда, барои воридоти бензин ба Тоҷикистон гирифтани шаҳодатномаро ҳатмӣ намуданд. Ин шаҳодатномаро Агентии “Тоҷикстандарт” баъди пардохти беш аз 4 млн сомонӣ ё 60 ҳазор нишониҳанда барои ҳисобҳо медиҳад.
Иловаҳо ба қонун рӯзи 22-юми декабр ворид шуд ва ба гуфтаи вакилони парлумон, лоиҳаи он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Темурҷон Абдулваҳҳобзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилон гуфт, дар асоси ин иловаҳо баъди санҷиши ҳолат ва шароити нигоҳдории бензин, сатҳи хизматрасонӣ, воситаҳои ченак дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, хулосаи экологӣ, хулосаи бехатарии оташнишонӣ баъд барои ба муомилот баровардани бензин ба ширкатҳои воридкунанда шаҳодатнома медиҳад.
Ӯ гуфт, ин “барои таъмини бехатарии маҳсулот ва танзими иқтисоди мамлакат” мусоидат менамояд.

Равшан Раҷабзода, вакили парлумон бо ҷонибдорӣ аз пешниҳоди раиси Агентии “Тоҷикстандарт” гуфт, ширкатҳо барои гирифтани шаҳодатнома 60 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда дар соли 2023 68 сомонӣ ва дар соли 2024 72 сомонӣ хоҳад буд) ё беш аз 4 млн сомонӣ пардохт мекунанд.
Ба ғайр аз ин 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои баррасии ариза зимни гирифтани ишаҳодатнома пардохт бояд шавад.
Илова бар ин, ҳамасола 60 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё беш аз 4 млн сомонии дигар барои фаъолият пардохт мекунанд.
Аз Агентии “Тоҷикстандарт” қабули иловаҳоро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ҳадафаи он мутобиқ кардани бензин ба стандартҳои байналмилалӣ ва мутобиқ кардани нуқтаҳои сӯзишворӣ ба қоидаҳои бехатарӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир дар натиҷаи таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки дар дохили маконҳои истиқоматӣ сохта шуда буд, чанд нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар маҷруҳ шуда буданд.
Манбаъи мо аз Агентии “Тоҷикстандарт” гуфт, ин ниҳзод то ин дам барои воридоти гази табиӣ шаҳодатнома медод ва акнун барои воридоти бензин низ чунин шаҳодатномаро медиҳад.
Ӯ гуфт, маблағ барои гирифтани шаҳодатнома барои воридоти гази табии 54 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.
“Яъне “Тоҷикстандарт” танҳо баъди омӯзиши риояи қоидиҳаои бехатарӣ ва омӯзиши ҳуҷҷатҳое, ки аз дигар ниҳодҳо, аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои об барои воридоти бензин мегиранд, шаҳодатнома медиҳад. Бо ин шаҳодатнома онҳо чӣ қадаре ки қонунгузорӣ иҷозат додааст, бензин ворид мекунанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо аз ин ниҳод.
Бодя гуфт, ки нархи маводи сӯзишворӣ, махсусан газ ва бензин дар Тоҷикистон муътадил нест ва пайваста дар ҳоли афзоиш аст. Дар пайи ин ронандаҳо нархи роҳкироро баланд мекунанд, ки нигаронии аҳолиро ба миён меорад.
Ҷорӣ кардани шаҳодатнома барои воридот ва фурӯши бензин эҳтимол ба нархи бе ин ҳам баланди маводи сӯзишворӣ таъсир расонад.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста