Бар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 35-солагии ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ба сурати умум бунёди 28 348 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода изҳор намуд, ки то ин дам 10 071 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, 7 946 иншоот сохта мешавад ва бунёди боз 10 367 иншоот ҳоло оғоз нашудааст.
Раиси Кумита хабар дод, ки соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 млн 737 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки 2,1% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Ба маблағи 17 млрд 958 млн 70 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону насб иҷро шудааст, ки 27,7% зиёдтар дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2022 аст.
Ҳамчунин соли гузашта аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо ба сохтмони асосии бахши сохтмон 19 млрд 859 млн сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки 22,5% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.
Мирзозода ҳамчунин зикр кард, ки соли 2023 аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ оид ба лоиҳакашӣ ба маблағи 37 млн 283 ҳазору 681 сомонӣ корҳои таҳқиқотӣ иҷро шудаанд, ки 104,2% нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, зикр шуд, ки соли 2023 маоши ҳар кадоме аз кормандон 2014,86 сомониро ташкил дод, ки 110,3% нисбат ба соли пешин мебошад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита таъмини шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои тарҳрезии ҷузъӣ мебошад. Дар ин робита, айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар пурра бо Нақшаҳои генералӣ таъмин шудаанд.
Низом Мирзозода изҳор намуд, ки бисёре аз мушкилот дар соҳа ба “бесаводии шахсони тасодуфӣ дар ин соҳа” вобаста аст.
“Аксарият бар асари бесаводӣ ҳангоми иҷрои корҳо ё нархгузории сохтмон ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, - зикр кард ӯ. - Аммо минбаъд шахсони бесавод ё тасодуфӣ бидуни дониш ва таҷрибаи махсус ба соҳаи сохтмон роҳ дода намешаванд. Аз лиҳози интихоби кадрҳо тартибу интизом роҳандозӣ мешавад”.
Боздошти духтари 19-сол барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
“Abu Dhabi Grand Slam 2024”. Ҷудокорони тоҷик соҳиби се нишон шуданд
Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист
Раводид ба Туркия. Маркази раводиди Туркия дар Тоҷикистон ба муҳимтарин саволҳо ҷавоб медиҳад
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста