Сакши Варма, мудири лоиҳаи Осиёи Марказӣ оид ба фарогирии молиявии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) мебошад, ки панҷ соли охир барои вусъат ёфтани фарогирии молиявӣ дар минтақа ва тақвияти дониши молиявии сокинон он талош кардааст.
Дар ин матлаб, ӯ дар хусуси корҳои анҷомдода ва самари он сӯҳбат кард.
- Давоми панҷ соли охир дар самти вусъатёбии фарогирии молиявӣ ва имкониятҳо дар Осиёи Марказӣ фаъолият бурдед. Ба андешаи шумо, душвориҳои асосие, ки мардум дар ин ҷо рӯ ба рӯ мешаванд, кадом аст ва чӣ тавр метавон ин монеаҳоро бартараф намуд?
- Роҳи панҷсолаам дар самти таъмини фарогирии (дастрасии) молиявӣ ва имкониятҳо дар Осиёи Марказӣ ҳам илҳомбахш ва ҳам душвор буд. Монеаҳо дар самти таъмини дастрасии молиявӣ чун дар аксари дигар кишварҳои рӯ ба инкишоф дар ҳақиқат вуҷуд доранд, аммо фикр мекунам, ки бартараф намудани ин монеаҳо бо андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшуда дар сатҳи сиёсӣ ва якҷо бо маҳсулот ва хизматрасониҳои аз ҷониби бахши хусусӣ мутобиқкардашуда, имконпазир аст.
Масалан, одамоне, ки дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аксар вақт бо далели монеаҳои географӣ ва зерсохтори такмилнаёфта ба хизматрасониҳои молиявӣ дастрасии маҳдуд доранд. Чунин ҳолат имкониятҳои онҳоро барои пасандозкунӣ, сармоягузорӣ ва пайдо намудани дастрасӣ ба қарз маҳдуд месозад. Сатҳи нокифояи пайвастшавӣ ба интернет ва саводнокии рақамӣ низ ба ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамии молиявӣ монеа эҷод мекунад.
Баъзан таҷрибаҳои ғайрирасмии молиявӣ ҷой доранд. Одамон ҳангоми қарзгирӣ аксар вақт ба дӯстон ва оила ё гуруҳҳои ғайрирасмии пасандозкунанда умед мебанданд, аммо ин гуруҳҳо аз ҳимояи зарурии ҳуқуқӣ маҳрум буда, метавонанд эътимоднок набошанд. Ин аксар вақт ба сатҳи пасти саводнокии молиявӣ, аз он ҷумла набудани дониш ва малакаҳои зарурӣ барои қабули қарорҳои асосноки молиявӣ, идоракунии муассири воситаҳои пулӣ ва дарки хавфҳои имконпазир вобаста аст. Меъёрҳои иҷтимоӣ метавонанд ба рафтори молиявӣ низ таъсир расонанд.
Ҳалли ин мушкилиҳо мавҷуд будани муносибати бисёртарафаро талаб мекунад. Сараввал, заминаи комили меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин диққати махсус ба беҳтар намудани зерсохтор ва васеъгардонии фарогирӣ бо хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳияҳои дурдаст зарур мебошад. Ин метавонад ташаббусҳои бонкдорӣ бо истифода аз дастгоҳи мобилӣ ё таъсиси нуқтаҳои дастраси хизматрасониҳои бонкӣ ё шабакаҳои агентиро дар деҳот/минтақаҳои дурдаст дар бар гирад. Ҳамзамон, пурзӯр намудани ҳимояи истеъмолкунандагон барои таҳкими эътимод, аз он ҷумла таъмини шаффофият дар нархгузорӣ, пешбурди қарздиҳии пурмасъул ва таъсиси механизмҳои ҳалли баҳсҳо ҳаётан муҳим аст.
Ниҳоят, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва огоҳии аҳолӣ барои мубориза бар зидди меъёрҳо ва амалияҳои иҷтимоии кӯҳнашуда ва зараровар басо муҳим аст. Бо роҳи татбиқи барномаҳо ва гузаронидани маъракаҳои таълимию фароғатӣ ноилшавӣ ба ин мақсад имконпазир аст. Ба ин на танҳо пешниҳоди хизматрасониҳо, балки барои одамон фароҳам овардани имконияти бунёди ояндаи боз ҳам бехатар ва шукуфон барои худ ва оилаҳояшон дохил мешавад.
- Шумо меъёрҳои иҷтимоиро қайд намудед. Барои чӣ ба инобат гирифтани меъёрҳои иҷтимоӣ барои вусъатдиҳии имкониятҳои молиявӣ ва дар натиҷа дастрасии молиявии аҳолӣ муҳим аст?
- Имкониятҳои молиявӣ қобилияти инсонро барои амал кардан ба манфиатҳои беҳтарини молиявии худ бо дарназардошти шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳити зиндагонӣ инъикос мекунанд. Чунин қобилият дониш, муносибат, малака ва рафтори истеъмолкунандагонро дар робита бо идоракунии захираҳои худ ва истифодаи хизматрасониҳои молиявие, ки ба эҳтиёҷоти онҳо ҷавобгӯ мебошанд, дар бар мегирад.
Меъёрҳои иҷтимоӣ метавонанд ба қарорҳои молиявӣ таъсири назаррас расонанд. Масалан, аз сабаби мустаҳкам ва қавӣ будани меъёрҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон дараҷаи озодии иродаи занон дар мавриди пули коркардаи худ дар сатҳи паст қарор дорад. Фишор ба занони ҷавон, ки онҳоро водор месозад даромадҳои худро бевосита ба шавҳарон ё хушдоманон диҳанд коҳиш меёбад, аммо интизор меравад, ки занони синну соли гуногун ҳангоми қабули қарорҳои молиявӣ (яъне ҳангоми харҷкунӣ/пасандозкунӣ) чун пеш ба оилаҳои худ диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Дар натиҷа онҳо даромади ба даст омадаро пинҳонӣ пасандоз мекунанд. Хароҷоти занону ҷавонон барои гузаронидани чорабиниҳо, зиёфатҳо ва тӯҳфаҳои идона ҳамчун як роҳи дастгирии некӯаҳволӣ ва мақом дар ҷомеаи зисти онҳо, арзёбӣ мегардад. Занҳо дар алоҳидагӣ тасдиқ мекунанд, ки барои ингуна чорабиниҳо маблағи хеле зиёд сарф мешавад.
Барои тағйир додани тафаккури ҷамъиятӣ дар бораи идоракунии молиявӣ ва мустақилӣ танҳо баланд бардоштани саводнокӣ ва малакаҳои молиявӣ кофӣ нест - тағйир додани муносибат ва рафтор хеле муҳим аст. Ҳамин тариқ, қонеъ гардонидани имкониятҳои молиявӣ ва эҳтиёҷоти ин гуруҳҳо андешидани тадбирҳои мақсаднок ва кӯшишҳои муштаракро барои мубориза бо меъёрҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки монеи вусъатдиҳии имкониятҳои молиявӣ мешаванд, тақозо мекунад.
- Шумо дар бораи имкониятҳои молиявии одамон ва таъсири меъёҳои иҷтимоию фарҳангӣ ба онҳо қайд намудед. Оё метавонед каме бештар дар бораи корҳое, ки гурӯҳи шумо дар ин самт анҷом додааст, нақл кунед ва баъзе ғояҳо ё дарсҳои дар ин муддат андӯхтаро мисол оред?
- Пеш аз он ки мо тавонем чораҳои муассири баланд бардоштани саводнокии молиявиро таҳия кунем, мо бояд беҳтар фаҳмем, ки чӣ гуна меъёрҳои иҷтимоӣ ба рафтори инсон таъсир мерасонанд. Ҳамин тавр, мо аз гузаронидани тадқиқот оғоз намуда, барои фаҳмидани он диққати махсусро ба ду гуруҳ, бахусус, занон ва ҷавонон равона сохтем. Натиҷаҳо ба мо имкон доданд, ки се самти мушаххасеро муайян кунем, ки бояд дида баромада шаванд: i) рафтори сарфакорона, аз ҷумла пасандозҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ; ii) рафтор нисбати хароҷот, аз ҷумла хароҷоти барзиёд барои чорабиниҳо/тӯҳфаҳо/тӯйҳо/маросими дафн ва технологияҳо (дар мавриди ҷавонон); ва iii) идоракунии молиявӣ, аз он ҷумла банақшагирии молиявӣ ва мустақилият.
Бо доштани чунин маълумот ба мо лозим омад, ки беҳтарин роҳи фарогирии истеъмолкунандагонро боз бо зоҳир кардани таваҷҷуҳи махсус ба занону ҷавонон пайдо кунем. Мо тасмим гирифтем, ки як маъракаи таълимию фароғатие гузаронем, ки аз се қисм иборат бошад: i) силсилафилми кӯтоҳ (ҳашт қисм), ii) панҷ чорабинии оммавӣ ва iii) ду маъракаи иҷтимоӣ. Маъракаи мазкур дучори муваффақияти калон гардид ва зиёда аз 2 миллион аҳолии Тоҷикистонро фаро гирифт (30% аҳолии калонсол).
Аз ин се маърака, вохӯриҳои ҷамъиятӣ «Гуфтугӯ дар бораи пул» дар тағйир додани муносибат ва рафтор, махсусан дар робита ба идоракунии молиявӣ ва хароҷоти барзиёд бештар таъсир доштанд. Пас аз ин маърака занон дар Тоҷикистон пасандозҳои худро зиёд карданд. Ғайр аз ин боварии онҳо ба он ки пулҳои коркардаро бояд ба ихтиёри оилаи худ (шавҳар/хешовандон) гузошт, камтар шуд. Ҷавонони тоҷик, ки аз муҳтавои таълимию фароғатӣ баҳра мебаранд, низ бо эҳтимолияти зиёд қабул доштанд, ки хароҷоти барзиёд барои тӯҳфаҳо оқилона нест. Чунин таҳаввулот дар бовариҳои шахсӣ боиси тағйир ёфтани рафтор ва инчунин коҳишёбии хароҷоти умумӣ барои тӯҳфаҳо ва чорабиниҳо гардид.
- Ҳукумат ва бахши хусусӣ дар ҳамаи ин чӣ гуна нақш доранд? Бо мақсади таъмин намудани муносибати том ва устувор нисбати баланд бардоштани дастрасии молиявӣ дар минтақа, бо кадом роҳ IFC бо тарафҳои манфиатдор дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ намудааст?
- Ҳам ҳукумат ва ҳам бахши хусусӣ дар пешбурди дастрасии одилона ба маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявӣ нақши муҳим мебозанд. Масалан, ҳукумат метавонад сиёсат ва қоидаҳоеро таҳия кунад, ки ба таъмини дастрасии молиявӣ ва рушди зерсохтори молиявӣ мусоидат мекунанд. Бо мақсади расонидани кӯмак дар ин самт мо таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2022-2026 дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ намудем.
Дастгирии бахши хусусӣ низ бениҳоят муҳим аст. Навовариҳо дар маҳсулот ва хизматрасониҳо метавонад барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти гуруҳҳои аз аҳамият дур ва дар канормонда кӯмак расонад. Аз ин рӯ, мо бо муассисаҳои молиявии шарик ва иттиҳодҳои онҳо барои дастгирии навовариҳо ва рушди як қатор маҳсулоти амонатгузорӣ ва қарзӣ низ ҳамкории зич доштем. Ташкилотҳои бахши хусусӣ бо роҳи гузаронидани барномаҳои баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ низ метавонанд ба муштариёни худ муроҷиат кунанд.
- Бо афзоиши гузариш ба платформаҳо ва роҳҳалҳои рақамӣ, бахусус пас аз бемории COVID, ба фикри шумо чӣ гуна метавон аз технологияҳои баланд бардоштани дастрасии молиявӣ ва сатҳи имкониятҳо/саводнокӣ истифода бурд? Оё шумо метавонед ягон мушкилӣ ё хатарҳое мисол оред, ки ҳангоми ҷустуҷӯи роҳҳалҳои рақамӣ бо онҳо метавон дучор шуд?
- Технологияҳо метавонанд дар боло бурдани сатҳи дастрасии молиявӣ ва имкониятҳо нақши муҳим бозанд. Онҳо имконият медиҳанд, ки хизматрасониҳои молиявӣ тавассути платформаҳои рақамӣ, аз қабили бонкдории мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва низомҳои пардохти онлайн пешниҳод карда шаванд. Ин платформаҳо метавонанд гуруҳҳои камбизоат, аз он ҷумла онҳоеро, ки дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд фаро гиранд ва ба онҳо дастрасии муносиб ва қулайро ба хизматрасониҳои молиявӣ фароҳам оранд.
Технологияҳоро барои таҳия ва пешниҳоди барномаҳои дастрас ва ҷолиби таълими молиявӣ, ки ба ниёзҳои демографии гуногун тавассути платформаҳои онлайн, барномаҳои мобилӣ ё воситаву абзорҳои интерактивӣ мутобиқ карда шудаанд, низ истифода кардан мумкин аст.
Илова бар ин, истифодаи манбаъҳои алтернативии маълумот оид ба ҳисоботдиҳии қарзӣ, аз қабили истифодаи телефонҳои мобилӣ ё таърихи рақамии амалиётҳо барои арзёбии пардохтпазирӣ метавонад ба шахсони дорои таърихи қарзгирии маҳдуд ё онҳое, ки умуман таърихи қарзгирӣ надоранд, барои пайдо намудани дастрасӣ ба қарз ва дигар хизматрасониҳои молиявӣ кӯмак расонад. Ҳамин тариқ, технологияҳо омили асосии мусоидаткунандаи рушд мебошанд. Масалан, гуруҳ бо шарикон дар таҳияи моделҳои инноватсионии баҳодиҳии қарзӣ ва тартиби муайянкунии фосилавӣ бо мақсади содданамоии раванди пешниҳоди дархост барои қарзҳо ва/ё кушодани суратҳисобҳои амонатӣ дар Тоҷикистон ҳамкории зич дошт.
Бо вуҷуди ин, мушкилиҳо ва хатарҳои марбут ба роҳҳалҳои рақамӣ низ мавҷуданд. Масалан, таъмин намудани чораҳои боэътимоди ҳифзи маълумотҳо ва ҳалли масъалаҳои дахолатнопазирии алоқаманд бо эътимод ва ҳифзи маълумотҳои шахсӣ аз аҳамият холӣ нест. Зерсохтори маҳдуди рақамӣ ва сатҳи пасти саводнокии рақамӣ низ метавонанд монеаҳо эҷод кунанд, ки онҳо бояд ба таври муассир коҳиш дод.
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста