Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,5% - аз 10,0% то 9,5%-и солона поин бурд. Чунин қарор дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта қабул шуд.
Тавре ки Бонки миллӣ хабар медиҳад, ин меъёр аз рӯзи 12 феврал мавриди амал қарор дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки тағйири меъёри бозтамвил дар соли равон дар Тоҷикистон бори аввал аст.
Соли 2023 меъёри бозтамвил ду маротиба бозбинӣ гардид - моҳи феврал он аз 13,0% то 11,0% ва моҳи май - то 10,0%-солона паст шуда буд.
Ин меъёр чӣ маъно дорад?
Тибқи қонунгузорӣ, меъёри бозтамвил меъёри минималии фоизие мебошад, ки тибқи он БМТ ба бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷиҳати таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат қарз медиҳад. Муҳлати чунин қарзҳо, ки бонкҳо метавонанд дар музоядаҳо онро гиранд, аз як рӯз (intraday) то 28 рӯзро ташкил медиҳанд.
Бонкҳо қарзро дар навбати аввал барои дастгирии пардохтпазирии худ дар давраи кӯтоҳмуҳлат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои таъҷилӣ, аз ҷумла ҳисоббаробарӣ дар бозори байнибонкӣ, пардохти қарзи ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва ғайра истифода мебаранд.
Мутахассисон меъёри бозтамвилро яке аз воситаҳое мешуморанд, ки тариқи он бо як тарзи муайян ба таваррум таъсир расонида мешавад: ҳангоми паст шудани ин меъёр пул дар гардиш зиёд шуда, мутаносибан молу маҳсулот арзон ё баръакс қимат шуда метавонад.
Тоҷикистон соли гузашта дар як қадам аз сатҳи рекордии пасттарини таваррум барои худ қарор гирифт.
Бино ба маълумоти омори расмӣ, соли 2023 сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 3,8%-ро ташкил дод.
Дар давоми тамоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар сатҳи аз ин нишондиҳанда пасттар соли 2013 - 3,7% ба қайд гирифта шуда буд.
Мизони ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ), яъне аз 4,0% то 8,0% боқӣ мемонад.