Яке аз корхонаҳои бузурги дорусозӣ дар Русия - «Татхимфармпрепараты» имкони оғози истеҳсоли дорувориро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ Евгений Коренков дар иҷлосияи “Муколамаи индустриявии Русия - Тоҷикистон” дар доираи форуми байналмилалии  иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» изҳори назар кардааст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи роҳандозии истеҳсоли маводи доруворӣ бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтааст.

“Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта Тотористон қариб 5% аз ҳаҷми содироти умумии Русия ба Тоҷикистонро таъмин кард. Ҳозир аз Тотористон ба Тоҷикистон чархи (шинаи) тамғаи “Кама”, бензин аз “Татнефть» содир гардида, дар давраи то соли 2015 «Камаз» дар Тоҷикистон марказҳои нақлиётиро рушд доданист”, - гуфтааст Коренков.

Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар ҷараёни иҷлосия таъкид доштааст, ки дар ҷумҳурӣ сармоягузорон аз Русияро қадрдонӣ мекунанд.

“Баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти дуҷониба имконоти зиёд дошта, ба ҳамкории густурда бо ширкатҳои Русия, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардан мехоҳанд, омодаем”, - иброз доштааст ӯ.

Форуми байнулмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» аз 14 то 19 май дар Маркази байнулмилалии намоишгоҳҳои “Казань экспо”-и шаҳри Қазони Русия баргузор шуд.

Дар доираи кори форум бо иштироки коршиносони Русия ва кишварҳои хориҷӣ 120 иҷлосия дар мавзӯъҳои гуногун доир гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.