Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет”-и дар соли 2023 бо касби 33 хол аз 100 холи имконпазир, дар байни 125 кишвари ҷаҳон, дар ҷои 90-ум қарор гирифт. Дар рейтинги гузаштаи ин шохис (соли 2021) Тоҷикистон бо касби 16 хол дар байни 120 кишвар дар ҷои 106-ум буд.
Муаррифии рейтинги нав имрӯз, 29-уми май, дар Вазорати молияи Тоҷикистон бо ширкати кормандони вазорат, шарикони рушд, коршиносони мустақил ва рӯзноманигорон баргузор шуд.
Уктам Ҷумаев, коршиноси мустақили “Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” аз Тоҷикистон, ки таҳқиқоти рейтингро гузаронидааст, натиҷаҳои онро муаррифӣ кард.
Ӯ гуфт, ҳарчанд Тоҷикистон чанд зина боло шудааст, вале ҳоло ҳам дар рӯйхати мавқеи шоистаро ишғол намекунад. Натиҷаи қобили қабул бояд болотар аз зинаи 61 бошад.
Ба иттилои Уктам Ҷумаев, аз ҳамсояҳои Тоҷикистон дар ин рейтинг танҳо Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд, ки ҳарду ҳам дар мавқеи кифоя ҳастанд. Қазоқистон бо касби 63 хол дар ҷои 32-юм ва Қирғизистон бо касби 61 хол дар зинаи 38-ум қарор дорад.
Онҳо дар рейтинги гузашта (соли 2021) ҳам тақрибан чунин холро ба даст оварда буданд. Ӯзбекистон ва Туркманистон дар ин рейтинг ворид намешаванд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар байни се кишвари Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг дар ҷои охир қарор дорад.
“Мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ тавассути сари вақт тариқи онлайн интишор кардани лоиҳаи буҷети давлатӣ ва ҳисоботи аудитории он беҳтар шуд. Вале мукаммалии ҳуҷҷатҳои буҷҷети тавассути коҳиши ҳаҷми интишори иттилоот дар изҳороти то буҷетӣ ва буҷети қабулшуда паст гардид”, - гуфт Уктам Ҷумаев.
Номбурда илова кард, ки Тоҷикистон дар зершохиси шаффофияти буҷет дар самти иштироки ҷомеа дар раванди буҷет 7 холро аз 100 холи имконпазир дастрас кард. Ин дар ҳоле, ки дар шохиси гузашта Тоҷикистон умуман хол надошт.
Гуфта шуд, ки иштироки ҷомеа дар тамоми марҳилаҳои раванди буҷет як унсури хеле муҳими баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва паст кардани сатҳи коррупсия дар умури молии давлатӣ мебошад.
Шабакаи байналмилалии беҷетӣ барои беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон дар ин рейтинг чунин тавсияҳо додааст:
- тавсифи нимсола ва ҳисоботи солонаи буҷети давлатиро сари вақт таҳия ва нашр кунад;
- ҳуҷҷатҳои асосии буҷетиро мукаммал намоянд;
- раванди таҳияи буҷҷети шаҳрвандиро фарогиртар кунанд;
Бояд гуфт, ки нахустин Шохиси шаффофияти буҷети Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти ғайридавлатии байналмилалӣ соли 2012 баҳогузорӣ гардид. Ҳамон сол Тоҷикистон аз 100 холи имконпазир 17 баллро соҳиб шуда, миёни давлатҳои собиқ шӯравӣ ҷои охиринро ишғол кард.
Дар тадқиқоти минбаъда, ки соли 2015 баргузор шуд, Тоҷикистон аз рӯи шаффофияти Буҷети давлатӣ чанд зина пеш рафта, соҳиби 25 хол гардид. Дар рейтинги соли 2017 30 хол ва соли 2019 дубора 17 балро ба даст овард.
Шарикони шабакаи шаффофияти буҷет зимни тартиб додани шаффофияти буҷа якчанд омил, аз ҷумла, дастрасии аҳолӣ ба иттилооти саривақтӣ ва пурраи буҷетӣ дар марҳалаҳои алоҳидаи раванди таҳияи буҷет, имконияти иштироки аҳолӣ дар раванди буҷетӣ ва дараҷаи назорат аз болои раванди буҷетиро ба назар мегиранд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста