Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон, ки омили муҳими рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошад, коҳиш хоҳанд ёфт.
Ин интизорӣ бо эҳтимоли авҷ гирифтани шиддатёбии вазъ дар ҷаҳон ва минтақа ва пурзӯр шудани қоидаҳои будубош дар қонунгузории муҳоҷирати Русия асоснок карда мешаванд.
«Амали террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар Маскав ба пурзӯр шудани сиёсати муҳоҷират дар Русия ва ҳамчунин рейдҳои мақомоти пулис дар мавриди санҷиши муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон боис гардид, ки хавфи кам шудани ҷараёни интиқоли маблағро зиёд мекунад», - омадааст дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон.
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки даромадҳо аз интиқоли пул ҷиҳати коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон нақши назаррас доранд. Онҳо ҳамчунин таъкид мекунанд, ки норасоии ҷойҳои корӣ ва музди меҳнати кам ҳанӯз ҳам ба афзоиши ҷараёни муҳоҷират мусоидат мекунанд.
«Музди меҳнате, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар Русия ба даст оранд, хеле баландтар аст дар ватанашон аст», - омадааст дар гузориш.
Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соҳаи сохтмон ҳамоно серталабтарин бахши шуғли муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боқӣ мемонад, ки дар он коргарон дар Русия дар як моҳ ба ҳисоби миёна 810 доллар ва дар Тоҷикистон бошад, ҳамагӣ 277 доллар маош мегиранд.
Ё, масалан, музди меҳнат дар соҳаи савдои чакана дар Русия дар як моҳ ба ҳисоби миёна 608 доллар ва дар Тоҷикистон ҳамагӣ 154 долларро ташкил медиҳад.
Музди миёнаи моҳонаи меҳнат дар бахши коммуналӣ дар Русия 612 доллар (111 доллар дар Тоҷикистон) мебошад.
Дар гузориш зикр шудааст, ки аъзои оилаи ҳудуди 42%-и хонаводаҳои Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Қаблан дар Гузориши Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба муҳоҷирати корӣ бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ “ногаҳон афзуда”, то 5,3 млрд доллар (49% нисбат ба ММД) расид, ки қариб ду баробар аз ҳаҷми соли 2021 (2,9 млрд доллар) зиёд аст.
Соли 2023 тамоили зикршуда идома ёфта, аз рӯи натиҷаҳои сол ба ҷумҳурӣ 5,7 млрд доллар маблағ ворид гардид, ки 6,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст.
Самти асосии муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон Русия боқӣ мемонад. Аммо солҳои ахир афзоиши ҷараёни муҳоҷират ба Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ба мушоҳида мерасад.





Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста