Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, имрӯз, 24 июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сохтмони қитъаи роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ - сарҳади Рӯшон бояд аввали соли 2025 ба охир расад.
“Супориш шуда буд, ки сохтмони ин қитъа то охири соли ҷорӣ ба анҷом расад. Аммо дар робита бо зарурати сохтмони ду нақб ва панҷ долони зиддитарма (галерея) бо сифати хуб, сохтмон метавонад ба муҳлати якчанд моҳ ба дарозо кашад. Аввали соли оянда муҳлати эҳтимолии анҷоми сохтмон аст”, - гуфт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, ба туфайли нақбҳо масофаи умумии роҳ 16 км кӯтоҳтар мешавад.
“Дарозии нақбҳо 1,8 ва 3,4 км буда, муҳим он аст, ки корҳо хушсифат ба иҷро расанд, аз ин рӯ анҷоми лоиҳа вақти иловагиро талаб мекунад”, - иброз дошт Азим Иброҳим.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки корҳо дар ин қитъаи роҳ босуръат (ба таври интенсивӣ) ҷараён доранд.
Барои роҳ то Хоруғ маблағ лозим аст.
Вазир ҳамчунин дар бораи сохтмони роҳ аз Рӯшон (дақиқтараш то сарҳади ноҳияҳои Шуғнон ва Мурғоб) изҳори назар кард.
Бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ корҳои лоиҳакашӣ ва таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи қитъаи роҳ пурра ба анҷом расидаанд.
“Айни замон мо манбаъҳои маблағгузорӣ ҷустуҷӯ дорем ва оид ба ин масъала дар якчанд самтҳо, аз ҷумла бо шарикон аз Чин кор бурда истодаем”, - изҳор дошт Азим Иброҳим.
Вазир дар ҳамин ҳол, таъкид дошт, ки ҳаҷми маблағгузорӣ назаррас аст.
“Вобаста ба сармоягузорӣ тариқи грант ё қарз гирфтан, маблағ метавонад гуногун бошад. Агар ба 1 километр харҷи 1 млн долларро дар назар дошта бошем, маблағ ҳудуди 235 млн долларро ташкил хоҳад дод. Агар харҷ ба 1 км 1,5 млн долларро ташкил диҳад, мутаносибан маблағ боз зиёдтар мешавад. Вазорати нақлиёт ҷиҳати ҷалби маблағгузории зарурӣ фаъолона талош варзида, ба анҷоми муваффақонаи лоиҳаҳо умедворанд, ки зерсохтори нақлиётии минтақаро ба таври назаррас беҳтар мекунад”, - иброз дошт вазир.
Тавре ки қаблан зикр гардида буд, амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Қалъаи Хумб - Ванҷ - сарҳади Рӯшон ба рушди минбаъдаи долони мултимодалии Чин - Тоҷикистон - Ӯзбекистон - Туркманистон - Эрон - Туркия мусоидат хоҳад кард.
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, соли 2024 барои иншооти калидии сохтмон дар соҳаи нақлиёт аз буҷети давлатӣ 33,5 млн сомонӣ ҷудо шудааст.
Ин маблағ барои кор дар 25 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар 13 иншоот ба маблағи 18,9 млн сомонӣ корҳо ба иҷро расидаанд, ки 94% аз корҳои дар ҳамин давра пешбинишударо ташкил медиҳанд. Боз дар 12 иншооти пешбинишуда озмун дар мавриди интихоби паймонкор идома дорад.
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста