Бонки осиёии рушд (БОР) грант дар ҳаҷми 21 млн долларро ба сифати маблағгузории иловагӣ барои афзоиши неруи барқи барқароршаванда дар Тоҷикистон тавассути таъмиру навсозии минбаъдаи Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” маъқул донист.

“Барқ аз неругоҳи “Сарбанд” ба низоми миллӣ ва минтақаи энергетикӣ интиқол ёфта, барои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя судманд аст, - гуфтааст директори генералии БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков. - Дастгирии БОР бехатарии энергетикиро дар минтақа беҳтар карда, ба рушди устувори иқтисодӣ ва муназзами минтақа мусоидат менамояд”.

Маблағгузории иловагӣ ба иваз намудани агрегати №4 дар неругоҳи “Сарбанд” имкон медиҳад. Ивази ин агрегат дар лоиҳаи аввали БОР, ки соли 2013 тасдиқ шуда буд, ҷой надошт. Он соли 2019 бар асари пайдо шудани нуқсони механикии таҷҳизот аз кор баромада буд.

Дар доираи лоиҳаи аввали БОР дар ҳаҷми 136 млн доллар аз 6 агрегати неругоҳи “Сарбанд” 5-тоаш иваз карда шуданд. Ҳамчунин дар ин давра дастгоҳҳои тақисмоти неругоҳ низ иваз шуда, зеристгоҳи “Восеъ” таъмиру навсозӣ шуд. Инчунин зеристгоҳи “Рӯдакӣ” ва хати интиқоли барқ байни зеристгоҳҳои “Рӯдакӣ” ва “Восеъ” дар ҷануби Тоҷикистон бунёд гардид.

Пас аз анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозӣ иқтидори неругоҳ аз 240 мегаватт (соли 2012) то 274 мегаватт дар соли 2026 зиёд мешавад.

Дар назар аст, ки неругоҳи таъмиру навсозишуда интиқоли энергияи барқароршавандаро ба низомҳои энергетикии миллӣ ва минтақавӣ зиёд мекунад. Ин ҳамчунин тамоми сол дастрасӣ ба неруи барқи тоза барои фурӯши дохилӣ ва содирот ба Афғонистонро зиёд ва беҳтар мекунад. Татбиқи лоиҳа боз ба афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва самаранокии амалиётии неругоҳ мусоидат хоҳад кард.

Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар наздикии шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд)-и вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Ба силсилаи неругоҳҳои барқи обии дарёи Вахш дохил буда, зинаи шашуми он мебошад. Майдони обанбори Сарбанд 7,5 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Сохтмони неругоҳ соли 1956 оғоз гардида, ҳамзамон бунёди шаҳри Калининобод (айни замон Левакант) низ шурӯъ шуд. Гидроагрегати якум соли 1962 муваққатан мавриди истифода қарор гирифт. Боқимонда 5 агрегати дигар соли 1963 ба истифода дода шуда, сохтмони неругоҳ соли 1966 ба итмом расид. Дар аввал иқтисоди неругоҳ 210 мегаваттро ташкил медод.

МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”:

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуд.

Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР баҳри дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон - аз бахши роҳсозиву зерсохтори энергетикӣ то тандурустиву кишоварзӣ, рушди шаҳрҳову идоракунии давлатӣ ва молия - ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млрд доллар кумак расонид, аз ҷумла беш аз 2 млрд доллар ба сифати грант ҷудо шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.