Даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва дигар воҳидҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳудуди 124 млн сомонӣ ё худ 11,6 млн долларро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда 35,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Даромад асосан аз ҳисоби хидматрасониҳо ба алоқаи телефони байнишаҳрӣ ва байнулмилалӣ (61,5%) ва интернет (29,0%) афзудааст.
Даромади операторони хусусии алоқа низ нисбатан камтар - 8,4% зиёд шудааст. Дар нимсолаи аввал онҳо ҳудуди 2 млрд сомонӣ (186 млн доллар) кор кардаанд.
Ҳиссаи операторони хусусӣ дар бозори хидматрасонии алоқаи ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал 94,1%-ро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, то оғози нимсолаи дуюм теъдоди корбарони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,3 млн муштариён ва корбарони алоқаи мобилӣ - ҳудуди 6,8 млн муштариёнро ташкил додааст, ки 3,3 млн муштариёни онҳо фаъол мебошанд.
Ба ин тариқ, даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар маҷмӯъ зиёда аз 2,1 млрд сомонӣ ё худ 197 млн долларро ташкил додааст, ки 9,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.
Дар ҳамин ҳол, дар радабандии навшудаи Worldwide mobile data pricing Тоҷикистон миёни кишварҳои арзиши интернеташон бештар баланд ва дар ҳамин ҳол, байни кишварҳои пасстарин суръати интернет қарор дорад.
Ҷумҳурӣ бо нархи миёнаи 1,65 доллар барои 1 Гб дар зинаи 142-юм дар ҷаҳон қарор дорад. Барои муқоиса: Қирғизистон – зинаи 8-ум ($0,17), Ӯзбекистон – зинаи 22-юм ($0,30), Қазоқистон – зинаи 35-ум ($0,41).
Дар радабандии моҳи июли Speedtest Global Index Тоҷикистон миёни 162 кишвари сайёра аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар мақоми 143-юм ва суръати интернети сабтшудаи васеъхат дар зинаи 125-ум ҷойгир шудааст. Мутаносибан Қазоқистон зинаҳои 56 ва 94-ум, Қирғизистон - 66 ва 85-ум ва Ӯзбекистон зинаҳои 74 ва 82-юмро касб кардаанд.
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
“Ташнаи коргар”: Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Дар Исфара ва Хоруғ нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд
Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!
Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш
Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Чӣ бояд кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “ Машварат бо душмани хирадманд"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста