Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Тотористон дар чаҳорчӯби кори форуми доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар, ки 4 сентябр дар Душанбе баргузор шуд, Созишномаи ҳамкории дуҷониба имзо расониданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Палати савдо ва саноати Тотористон хабар медиҳад, ҳайати сершумори ин кишварро муовини нахуствазири Олег Коробченко роҳбарӣ мекунад.
“Боиси хушнудист, ки ширкатҳои Тотористон ҳамкориҳоро бо шарикон аз Тоҷикистон густариш бахшида, сафари ҳайати мо тасдиқи ин гуфтаҳост, - иброз дошт зимни суханрониаш Коробченко. - Ман огаҳам, ки дар Тоҷикистон рӯйи таъсиси паркҳои технологӣ фаъолона кор мекунанд. Тотористон омода аст, ки ҳама таҷрибаи андӯхтаашро дар ин самт пешниҳод намояд”.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тотористон Шамил Агеев дар маросими ифтитоҳи форум муҳим будани кори дуҷонибаи палатаҳоро таъкид кард.
“Маҳз дар ҳамин гуна чорабиниҳо имконияти вохӯриҳои нав ва шиносоиро истифода бурдан лозим аст. Дар ҷаҳони муосир ҳодисаҳои ғайричашмдошт зиёданд ва мо омодаем, ки дар шароити номуайянӣ кор кунем. Вазифаи мо ин аст, ки ба шумо робитаҳоеро пешниҳод кунем, ки муфид хоҳанд буд, мо ба ин манфиатдорем ва омодаем, ки кор кунем”, - иброз доштааст ӯ.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар навбати худ зикр кардааст, ки ҳадафи аслии форум густариши ҳамкориҳо дар соҳаи саноати Тоҷикистону Тотористон, афзоиши сармоягузорӣ ва омодасозии кадрҳои нав мебошад.
Дар хабар гуфта мешавад, ки дар доираи кори форум ҳамчунин гуфтушунидҳои В2В баргузор шуданд, ки дар онҳо намояндагони зиёда аз 60 корхонаҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Сафари ҳайати соҳибкорону тоҷирони Тотористон ба Тоҷикистон то 6 сентябр идома меёбад. Дар чаҳорчӯби сафар шиносоӣ бо имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ва боздид аз корхонаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё муштзанони тоҷик 5 медал гирифтанд
Вақти омаду рафти нақлиёти ҷамъиятиро нишон медиҳад. Насби лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳои Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 12 декабри соли 2024
"10 соат дар як шабонарӯз". Масъулин мегӯянд, реҷаи додани барқро танзим кардаанд, сокинон гуфтанд, “риоя намешавад”
Афзоиши идрорпулии президентӣ барои мактаббачаҳо ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо
Думаи давлатӣ тарҳеро пазируфт, ки имкон медиҳад Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун шаванд
Либияву Ироқи сонӣ ё лонаи ифротиён. Сурияро чӣ интизор аст ва ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад?
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста