Моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 6,4 млн доллар нерӯи барқ содир кард, ки қариб 53% зиёдтар нисбат ба моҳи пешин аст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба сурати умум, дар соли 2024 аз Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи ҳудуди 113 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, ки 2,4% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Дар соли 2024 ҳиссаи интиқоли барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,8%-ро ташкил дод.
Тибқи маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, дар мавсими тирамоҳу зимистон, ки дар дохили худи ҷумҳурӣ камбуди шадиди барқ эҳсос мешавад, неруи барқ дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистон барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва дигар таҷҳизоти зерсохтор интиқол дода мешавад. Қарордоди интиқол ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон амал мекунад.
Қаблан ширкати электроэнергетикии Афғонистон Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) хабар дода буд, ки барои харидории барқ дар соли 2025 бо ширкати “Барқи тоҷик” тавофуқ ҳосил кардааст. Ҷузъиёти дигаре аз ин қарордод ва гуфтугӯи ҷонибҳо дар хабар зикр нашуда буд.
Бояд гуфт, соли 2008 Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ аз кишвари мо ба кишвари ҳамсоя то соли 2028 созишнома ба имзо расониданд. Охири ҳар сол ҷонибҳо протоколи иловагӣ ба имзо мерасонанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ барои соли минбаъда ва нархи он муайян карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, аз даҳаи охири моҳи сентябр барои сокинони деҳоти Тоҷикистон реҷаи маҳдуди интиқоли барқ амал мекунад - дар як шабонарӯз ба онҳо субҳ 3 соат ва шомгоҳон - 5 соат барқ дода мешавад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз 22,4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 2,6% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Ҳудуди 93%-и барқи истеҳсолшуда дар соли гузашта ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд.





Бекор шудани 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, дурустии қарзи солҳои пешинро месанҷад
Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард
“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 28
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии S&P як зина беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?
Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2026
Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мавқеъ аст?
“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста