Наздики 45% бозори сӯзишвории кишвар ба “Газпромнефт-Тоҷикистон” тааллуқ дорад. Дар ин бора Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дирӯз, 5-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ба кишвар 1 млн 52,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 829,4 млн доллар ворид гардидааст, ки қариб нисфи он ба “Газпромнефт-Тоҷикистон” тааллуқ дорад.
Ба гуфтаи Қурбонзода, 45,8%-и ин сӯзишвории бензин ва 45,3% сӯзишвории дизелии соли гузашта воридгардида ба ин ширкати тааллуқ дорад. Яъне дар ин қисмати бозор “Газпромнефт-Тоҷикистон” инҳисоргар аст.
Агар ҳиссаи як ширкат дар бозори ин ё он маҳсулот аз 35% бештар бошад, он инҳисоргар дониста шуда, уҳдадор аст нархи маҳсулоти худро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа кунад.
Қисмати дигари бозори бензин чунин тақсим шудааст:
“Имрӯз Хадамот дар фаъолияти ин ширкат мушкиле намебинад ва шояд дар ин самт тағйироте нашавад. Давоми соли гузашта ширкати наве, ки метавонад ба ҳолати бозори маҳсулоти нафтии мо таъсиррасон бошад, ба қайд гирифта нашудааст. бозор озод аст ва дилхоҳ ширкат метавонад ба воридоту фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ машғул шавад” - илова кард Қурбонзода.
Бояд гуфт, аз моҳи январ “Газпромнефт-Тоҷикистон” дар қатори ширкати россиягии “Газпром нефт” зери таҳрими Вазорати иқтисоди ИМА қарор дорад. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ, ин таҳримҳо ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон таъсире намерасонанд, вале мутахассисон мегӯянд, минбаъд ширкатҳое, ки бо “Газпромнефт-Тоҷикистон” ҳамкорӣ доранд низ зери хатари ҷоришавии таҳрим қарор мегиранд.




Бекор шудани 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, дурустии қарзи солҳои пешинро месанҷад
Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард
“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 28
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии S&P як зина беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?
Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2026
Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мавқеъ аст?
“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста