Соҳибкорони Тоҷикистон молу маҳсулот ва хидматрасониҳои худро дар Намоишгоҳи 4-уми байнулмилалии кишоварзии AGRO PRO EXPO-2025, ки аз 25 то 27 феврал дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мегузарад, муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистону Қазоқистон, Русия, Туркия, Эрон ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. Онҳо лоиҳаҳои пешрафта дар бахши кишоварзӣ ва маҳсулоту тамғаҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва ҷаҳониро муаррифӣ мекунанд.
Таҷҳизот барои корҳо дар замин, аз қабилу комбайну трактор, техникаи ҳосилғундорӣ, таҷҳизот барои ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ ва боз дигар чизҳо аз ҷумлаи ин маҳсулоту хидматрасониҳо мебошанд.
Намояндагони Тоҷикистон дар машваратҳои корӣ ва вохӯриҳо дар бахшҳои гуногуни кишоварзӣ низ ширкат варзида, ҷиҳати табодули таҷриба, дарёфти шарикони нав, азхудкунии техникаи кишоварзӣ ва дигар навгониҳо дар ин соҳа имкон пайдо мекунанд.
Муовини директор оид ба инноватсияҳо, доктори илмҳои кишоварзӣ Далер Бобоев ва менеҷери ҶДММ “Сифати аср” Зафар Исломзода бо директори тиҷоратии ширкати “Щёлково Агрохим Узбекистан” Ирина Калинина ва директори генералии DJ Бахтиёр Шукруллоев дар шакли В2В дидору гуфтушунид карда, дар ҷараёни он масъалаи интиқоли паҳподҳо ё худ ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) барои истифода дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
AGRO PRO EXPO-2025 - намоишгоҳи бузургмиқёси кишоварзӣ аст, ки дар он мошин ва таҷҳизоти кишоварзӣ, технологияҳои пешрафта, қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ, навъҳои гуногуни системаҳои обёрӣ, системаҳои худкор (автоматӣ)-и хоҷагиҳои фермерӣ, инчунин дигар технологияҳои муосир дар бахши кишоварзӣ пешниҳод мешаванд.