Дар пасманзари гароншавии нархи гӯшт дар Тоҷикистон воридоти он аз Беларус ва Қазоқистон зиёд мешавад. Ҳоло дар Душанбе 1 кг гӯшти воридотӣ 75 сомонӣ нарх дошта, арзиши гӯшти гови устухондори маҳҳаллӣ 90 сомонӣ ва гӯшти лаҳм - 145 сомониро ташкил медиҳад.
Дар бозорҳои Тоҷикистон имрӯз метавон натанҳо бо гӯшти маҳаллӣ, балки воридотӣ аз Беларус ва Қазоқистон низ дучор шуд. Дар шароити болоравии нарх маҳсулоти воридотӣ ҳарчи бештар ба алтернативаи дастрас барои харидорон табдил меёбад.
Тоҷикистон маъмулан аз якчанд кишвар, аз ҷумла Қазоқистону Беларус, Русия, Бразил ва дигар кишварҳо маҳсулоти гӯштӣ мехарад. Соли 2024 ҳаҷми воридоти гӯшт 6 ҳазор тонна нисбат ба соли 2023 афзуда, 15,7 ҳазор тоннаро ташкил дод. Сабаби аслии афзоиши воридот гароншавии гӯшт дар дохили кишвар унвон мешавад.
Гӯшти Беларус ҳарчи бештар писандида мешавад
Дар пасманзари болоравии нарх дар Қазоқистон, харидорон бештар ба Беларус таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ба ҳолати 5 феврали соли 2025 1 кг гӯшти истеҳсоли Беларус дар бозорҳои Тоҷикистон бо нархи 70-80 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Мақомоти Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки гӯшти воридотӣ аз ҳамаи санҷишу озмоишҳо гузашта, ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯ аст. Илова бар ин, Беларус имкони тасвеаи содироти чорвои зотӣ ва маҳсулоти гувоҳномадори “Ҳалол”-ро баррасӣ мекунад.
Қазоқистон: болоравии нархҳо ва таъсир ба Тоҷикистон
Аввали соли 2025 нархи гӯшт дар Қазоқистон ба ҳисоби миёна 36% боло рафт. Ин ба харидории он аз ҷониби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вобаста аст, ки қиматшавии чорвои зинда боис гардид.
Вазорати кишоварзии Қазоқистон изҳор намуд, ки содироти зиёд арзиши 1 кг вазни зиндаро аз 1100-1300 танга то 1500 танга боло бурда, дар натиҷа нархҳои чаканаи 1 кг гӯшти гов то ба 3300-3500 танга ( то 7 доллар) расиданд. Аммо моҳи феврал поинравии нархҳо оғоз гардида, акнун нархҳо аз 2700 то 3500 тангаро ташкил медиҳанд.
Сарфи назар аз ин, Тоҷикистон ба харидани гӯшт аз Қазоқистон идома медиҳад. Моҳи сентябри соли 2024 ширкати “Кайып ата” дар доираи созишнома ба миқдори умумии 110 тонна ба ҷумҳурӣ 16 тонна гӯшти гов фиристод.

Моҳи январи соли 2025 ширкатҳои Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки ҳаҷми содирот зиёд карда шавад.
Дар ҳукумати Қазоқистон зикр карданд, ки афзоиши содирот ба Тоҷикистону Ӯзбекистон, ба гароншавии гӯшт дар бозори дохилӣ оварда расонид. Ин метавонад ба шадид кардани сиёсати содирот боис гардад, ки дар навбати худ, метавонад боз бештар ба болоравии нархҳо дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
Болоравии нархи гӯшт дар Тоҷикистон
Тайи соли ахир нархи гӯшт дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафт. Бино ба маълумоти Агентии омор, гӯшти гов ба андозаи 28,5% ва гӯшти гӯсфанд - 19,9% қимат шуд. Саабабҳои асосӣ талаботи зиёд, афзоиши хароҷот барои парваишу нигоҳубини чорво ва болоравии нархи хӯроки чорво дониста мешаванд.
Моҳи феврали соли 2026 нархи гӯшт дар Душанбе тариқи зайл буд: 1 кг гӯшти гови устухондор – 90 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 88 сомонӣ ва дигар навъи гӯштҳои лаҳмдор вобаста ба қисмҳо - аз 130 то 184 сомонӣ.
Маҳсулоти гӯштии бештар дастрас: барои шӯрбо (44,50 сомонӣ), ҷигар ва дил (64,90 сомонӣ), инчунин пойи гов (39,90 сомонӣ).
Миёни омилҳое, ки ба гароншавӣ таъсир мерасонанд, талаботи зиёд, аз ҷумла аз кишварҳои ҳамсоя, болоравии нархи зироати ғалладона ва комбикорм, рушди тиҷорат дар тарабхонаҳо, тағйирёбиҳои мавсимӣ, афзоиши хароҷот ба парваришу нигоҳубини чорво, инчунин вобастагӣ ба қурби асъор, ки ба арзиши маҳсулоти воридотӣ таъсир мерасонад, номбар мешаванд.

Воридотӣ ё маҳаллӣ: истеъмолгарон кадомашро афзалтар медонанд?
Гӯшти воридотӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ серталаб аст. Дар шаҳрҳои Тоҷикистон аҳолӣ бисёр вақт дар ошхонаҳо хӯрок мехӯранд, ки гӯшт таркиби муҳими ғизо маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, муассисаҳои хӯроки умумӣ бисёр вақт бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ кор мекунанд.
Тибқи баъзе маълумот, ҳиссаи маҳсулоти маҳаллӣ дар харидҳои тарабхонаҳо аз 5% то 15-20% афзудааст. Мақомот бар ин назаранд, ки ин ба рушди хоҷагидории фермерӣ ва дастгирии тиҷорати маҳаллӣ вобаста аст.
Аммо барои истеъмол дар хона аҳолӣ ба маҳсулоти маҳаллӣ бартарӣ медиҳад: зиёда аз 92% чорвои калони шохдор ва 82% бузу гӯсфанд дар хоҷагиҳои хусусӣ нигоҳубину парвариш меёбанд.
Воридоти буққачаҳо ва таъсири он ба ба бозори гӯшту шири Тоҷикистон
Моҳҳои ахир соҳибкорони тоҷик фаъолона буққачаи зотҳои гуногунро аз Қазоқистон мехаранд. Дар бозорҳои маҳаллӣ 1 кг вазни зиндаи он 55-60 сомонӣ нарх дорад. Масалан, буққачаи вазнаш 300 кг ҳудуди 18 ҳазор нарх дорад. Харидорон онро 2-3 моҳ поидаву нигоҳубин карда, гаронтар мефурӯшанд.
Мутахассисон зикр мекунанд, ки васеъ кардани воридоти зотҳои сергӯшти чорво метавонад дар рушди истеҳсоли гӯшт нақши муҳим бозида, аҳолии кишварро бо маҳсулоти бештар хушсифат таъмин кунад.

Соли 2024 Тоҷикистон аз рӯи воридоти чорвои калони шохдор рекорд гузошта, ба маблағи 14,1 млн доллар говҳои зотӣ ва ҷӯшоӣ харид. Ин нишондиҳанда қариб ду баробар аз соли 2023 зиёд аст (ба маблағи 7,2 млн доллар харида шуда буд).
Сарфи назар аз афзоиши истеҳсол, вазъият дар бозори гӯшти Тоҷикистон ноустувор боқӣ мемонад. Дар шароити болоравии нархҳо мақомот воридотро гуногунсамту зиёд мекунанд, то ки норасоиро ҷуброн намуда, нархҳоро нигоҳ доранд. Лекин болоравии нархҳо дар бозори беруна, бахусус дар Қазоқистон метавонад ба минбаъд гароншавии гӯшт дар Тоҷикистон боис гардад.
Омилҳои асосии таъсирррасон ба бозор талабот, тағйрёбиҳои мавсимӣ ва арзиши хӯроки чорво зикр мешаванд. Моҳҳои наздик вобаста ба воридоти нав ва эҳтимоли шадид шудани сиёсати содирот дар кишварҳои интиқолдиҳанда, вазъ метавонад тағйир ёбад.
Футзалбозонеро, ки аз ҳунарнамоӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 7
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста