Мақомоти маҳаллӣ бо ишора ба як протокол аз маҷлиси ҳукумат дар моҳи январи соли равон дар бораи иҷрои нақшаи кишти пахта дар кишвар деҳқонону кишоварзонро маҷбур кардаанд, ки дар заминҳояшон пахта коранд. Дар бархе минтақаҳо ҳатто кишти гандуму ҷавро вайрон карда, талаб кардаанд, ба ҷояш “тиллои сафед” коранд.
Чанде аз хонандагони “Азия-Плюс” бо ирсоли нусхаи ин протокол аз амалкарди мақомоти маҳаллӣ шикоят карданд.
“Дар ноҳияи Спитамен раиси ноҳия омада, гандуму ҷавро вайрон карда, 75% пахта кунетон гуфта, деҳқононро ғам медиҳанд. Илтимос ҳамин масъаларо дида бароед”, - навишт ба “Азия-Плюс” яке аз деҳқонон аз ноҳияи Спитамен.
Дар нусхаи протоколе, ки мақомоти маҳаллӣ ба он такя мекунанду нусхаи он дастраси мо гардид, ба сарвазир, муовини сарвазир, ёрдамчии президент оид ба масоили кадрӣ, вазири кишоварзӣ, раисону вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ, инчунин, садори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист супориш шудааст, ки “бо назардошти вазъи ташвишовари соҳаи пахтакорӣ ва иҷро нагардидани дурнамои кишт ва истеҳсоли пахта дар соли 2024 ҷиҳати ислоҳи вазъ чораҷӯӣ карда, ҳар моҳ ҳисобот пешниҳод намоянд”.

Дар санад зикр шудааст, ки “дар сурати иҷро нагардидани дурнамо дар соли 2025, бо тартиби муқарраргардида чораҳои муҷозотӣ, аз он ҷумла чораҳои озод кардан аз вазифаи ишғолшуда андешанд”.
Қабл аз расонаӣ шудани ин протокол ҳам деҳқонони тоҷик нигарон буданд, ки мақомоти маҳаллӣ онҳоро ба кишти пахта маҷбур мекунад.
Онҳо иддао доштанд, ки барои кишти дигар зироатҳо аллакай хароҷот кардаанд, вале мақомот аз онҳо мехоҳанд, ки киштро вайрон карда, ба ҷояш пахта коранд.
Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш, Радиои Озодӣ ҳам наворе нашр кард, ки ба гуфтаи корбарони ин расона, "дар ноҳияи Рӯдакӣ гандуми аллакай сабзшударо вайрон карда, ба ҷояш пахта мекоранд".
Аз Вазорати кишоварзӣ ба "Азия-Плюс" протоколи ҷаласаи ҳукумат дар моҳи январ дар робита ба иҷрои нақшаи дурнамои пахтаро тасдиқ карда, гуфтанд, вазорат вобаста ба иҷрои нақша барнома таҳия кардааст, ки дар он “ворид кардани тухмиҳои ба тағйирёбии иқлим мувофиқ, кишти зери плёнка, ташкили семинарҳо бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа вобаста ба риояи агротехникаи кишту парвариш ва як қатор чораҳои дигар пешбинӣ шудааст”.
Аммо аз ин ниҳод мавҷуд будани ҳолатҳои маҷбуркунии деҳқононро барои кишти пахта рад карда, гуфтанд, "ба вазорат ягон шикоят дар ин бора ворид нашудааст".
Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии охир дахолати мақомоти маҳаллӣ ба кори деҳқононро интиқод карда, гуфта буд, “мақомоти маҳаллӣ ба дахолат дар фаъолияти деҳқонон ҳақ надорад ва мушкили кишти маҷбуриро метавон бо маблағгузории пешакӣ барои деҳқонон ва роҳандозии системаи харид ҳал кард”.

Ӯ зикр карда буд, ки кишоварзон дар интихоби кишти зироат озод буда, метавонанд пахтаро дар бозори кушод фурӯшанд.
Бояд гуфт, соли 2024 барои пахтакорони Тоҷикистон соли мушкил буд. Зеро деҳқонон бо мушкилоти иқтисодӣ ва иқлим рӯбарӯ шуда, ҳосили начандон зиёд гирифтанд. Он замон низ мушкилоти марбут ба парвариши пахта, кишти маҷбурии он ва шароити номусоиди истеҳсол аз хавфу хатарҳои асосӣ дар ин соҳа гуфта мешуд.
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста