Дар семоҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи 517,4 млн доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки 25,7% камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Аз ҷумла, ҳаҷми содироти фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо 298 баробар коҳиш ёфт - аз қариб 298 млн доллар дар семоҳаи аввали соли 2024 то каме бештар аз 1 млн доллар.
Содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он (ба андозаи 41,8%), аз ҷумла нахи пахта (ба миқдори 48,4%) ба таври назаррас кам шуд.
Ҳамчунин содироти маҳсулоти чорводорӣ (ба андозаи 57,8%), маҳсулоти саноати кимиё (ба миқдори 84,1% ва маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (ба миқдори 14,7%) ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол, содироти маҳсулоти минералӣ (2,1 баробар), аз ҷумла нерӯи барқ (2,4 баробар) афзуд. Содироти фулузоти аозон ва маснуот аз он (асосан алюминий ва маснуот аз он) ба андозаи 2,2 баробар зиёд шуд.
Ҳудуди 70%-и содироти ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҳамин ду гурӯҳи маҳсулот рост меояд.
Ҳамзамон воридоти молу маҳсулот дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 25% - аз 1,5 млрд доллар дар семоҳаи аввали соли 2024 то 1,9 млрд доллар зиёд шудааст.
Воридоти коғазу картон, инчунин маснуот аз он (8,5 баробар), нерӯи барқ (3,4 баробар), воситаҳои нақлиёт (1,7 баробар), пойафзол ва сарпӯшҳо (1,5 баробар) ба таври назаррас афзудааст.
Ба ин тариқ, касри савдои хориҷии ҷумҳурӣ (зиёд будани воридот аз содирот) ба зиёда аз 1,3 млрд доллар расид.
Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон Русия боқӣ монда, ҳаҷми савдои дуҷониба бо ин кишвар дар ин давра 1,4 баробар афзуд ва ҳудуди 628 млн доллар (ҳудуди 34% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон)-ро ташкил дод.
Ҳамчунин ҳаҷми савдои хориҷӣ бо Чин низ (ба андозаи қариб 23%) зиёд шуда, ба зиёда аз 517 млн доллар баробар шуд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми гардиши савдо бо Қазоқистон (ба андозаи 26,1%) ва Ӯзбекистон (1,3%) коҳиш ёфта, савдои дуҷониба бо Эрону Афғонистон (1,4 баробар бо ҳар кадоме аз кишварҳо) ба таври назаррас зиёд шуд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2024 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба андозаи зиёда аз 20% поин рафта, аз рӯйи натиҷаҳои сол ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод. Дар ҳоле ки ҳаҷми воридот ба ҷумҳурӣ ба зиёда аз 7 млрд доллар баробар шуда буд.