Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш додааст, ки дар соли 2025 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” иловатан 200 млн сомонӣ (наздики 19 млн доллар) равона кунад.

Дар асоси ду қарори алоҳидаи ҳукумат, ки пойгоҳи иттилоотӣ ва ҳуқуқии  Вазорати адлия нашр кардааст, 110 млн сомонӣ аз ҳисоби Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод ва 90 миллион сомонӣ аз ҳисоби иҷрои барзиёди буҷети давлатӣ барои  пурра намудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» равона карда мешавад.

Қаблан, низ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 22-юми январи соли равон, аз ҳисоби Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод барои пур кардани сармояи оинномавии “Роғун” 150 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд.

Соли 2024 барои идомаи сохтмони “Роғун” аз ин фонд тақрибан 280 миллион сомонӣ (беш аз 25 миллион доллар) равона гардида буд.

Маблағҳо ба Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таркиб меёбад.

Дар буҷети давлатӣ барои соли 2025 пешбинӣ шудааст, ки 25% аз чунин маблағҳо ба фонд равона карда мешавад.

Бояд гуфт, ки барои сохтмони “Роғун” аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2025 тақрибан 5 миллиард сомонӣ (ҳудуди 480 миллион доллар) пешбинӣ шудааст. Ин тақрибан 10% аз хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли ҷорӣ мебошад.

 

Боз чӣ қадар маблағ лозим аст?

Бо иттилои Вазорати молия, барои ба итмом расонидани сохтмони “Роғун” бо чанде аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба маблағи умумии 812 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки аз ин 462 миллион доллар қарзҳо ва 350 миллион доллар грант мебошанд.

Барои пурра ба анҷом расонидани “Роғун” Тоҷикистон ба 6,4 миллиард доллар ниёз дорад

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2008 барои сохтмони “Роғун” беш аз 40 миллиард сомонӣ (тақрибан 4 миллиард доллар) сарф шудааст.

Пештар раисиҷумҳур хабар дода буд, ки агрегати навбатии “Роғун” соли 2025 ба истифода дода мешавад. Ду агрегати аввалини неругоҳ, ки дар ҳоли ҳозир бо иқтидори кам фаъолият мекунанд, дар солҳои 2018 ва 2019 ба истифода дода шуда буданд.

Дар маҷмуъ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоми онҳо 600 МВт дар утоқи мошинсозии неругоҳ насб карда мешавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини ин нерӯгоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки “Роғун” бо иқтидори насбшудаи 3600 МВт бузургтарин неругоҳ барқии обӣ дар Осиёи Миёна гардад.

Пас аз ба итмом расидани сохтмон, ҳаҷми солонаи истеҳсоли неруи барқ ​​аз 13 то 17 миллиард кВтс мерасад, ки баробар бо 65-85% ҳаҷми солонаи истеҳсоли неруи барқ дар кишвар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.