Соли гузашта Қазоқистон воридоти сабзавоту мева аз Тоҷикистонро ба таври назаррас коҳиш дода, ин тамоюл дар соли 2025 низ боқӣ мондааст.
Бино ба маълумоти моҳи март, соли 2024 Қазоқистон воридоти пиёз ва сирпиёзро аз Тоҷикистон се баробар - то 17,9 ҳазор тонна кам кард, ки 3,3 баробар камтар нисбат ба соли пешин буд. Ҳамчунин ҳаҷми воридоти меваҳои тару тоза, аз ҷумла зардолу, шафтолу ва ангур низ коҳиш ёфт.
Сабабҳои коҳишро ба афзоши воридот аз Чин, ки сохтори бозори сабзавотро дар Қазоқистон тағйир дод, болоравии нархҳо бо назардошти қоҳиши ҳаҷм, инчунин ҳосили баланд дар худи Қазоқистон, ки дар сурати талаботи 315 ҳазор тонна 1,1 млн тонна пиёз истеҳсол шудааст, нисбат медиҳанд. Аввали соли 2024 Қазоқистон барои воридот квота ва иҷозаҳо ҷорӣ намуд, ки ин ҳам ба воридот таъсир расонид.
Коҳиши содирот ба як қатор омилҳо, аз ҷумла афзоши воридот аз Чин ва ҳосили баланд дар худи Қазоқистон вобаста аст. Сарфи назар аз ин, нархи маҳсулоте, ки боқӣ монда буд, боло рафт. Ин аз болоравии арзиш ба маҳсулоти кишоварзӣ гнувоҳӣ медиҳад. Соли 2024 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи 3,2 млн доллар пиёз содир шуд, ки 2 баробар камтар аз соли пешин аст. Ҳамчунин Қазоқистон барои воридот квота ва иҷозаҳо ҷорӣ намуд, ки ба бозори сабзавот таъсир расонид, сарфи назар аз барзиёд будани ҳосили худӣ.
Ҷараёни содироти мол аз Тоҷикистон ба Қазоқистон: аз афзоиш то поинравии босуръат
Дар содироти мол аз Тоҷикистон ба Қазоқистон тайи даҳ соли ахир тағйироти назаррас сурат гирифт, ки ҳам дигаргуниҳои дохилӣ дар иқтисод ва ҳам омилҳои ҷаҳонии тиҷоратро инъикос намуданд.
Соли 2016 ҳаҷми содирот 194,86 млн долларро ташкил дода, ба афзоиши минбаъдаи он замина гузошт. Соли 2017 ба туфайли беҳбуди шароитҳои истеҳсол ва тавсеъаи номгӯи молҳо он то 324,34 млн доллар боло рафт. Аммо дар соли 2018 бар асари ноустувории вазъият дар бозорҳои байнулмилалӣ содирот то 299,97 млн доллар кам шуд.
Соли 2019 тамоюли поинравӣ идома ёфта, 218,38 млн долларро ташкил дод, ки ба монеъаҳои берунаи иқтисодӣ вобаста буд. Дар соли 2020 пандемияи COVID-19 ба савдо таъсири назаррас гузошта, содирот бар асари маҳдудиятҳои логистикӣ то 152,21 млн доллар поин рафт.
Дар соли 2021 содирот то ҳаҷми 360,08 млн доллар барқарор шуда, дар соли 2022 ба ҳаҷми рекордӣ расид - 483,92 млн доллар. Соли 2023 нишондиҳандаҳо то 254,53 млн доллар ва дар соли 2024 - то 197,35 млн доллар кам шуданд. Дар зарфи ду моҳи аввали соли 2025 содирот 17,99 млн долларро ташкил дода, то охири сол чандин маротиба зиёд кардани он ба нақша гирифта шудааст.

Аз 481 млн то 1,1 млрд доллар: воридот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон чӣ гуна тағйир меёфт
Тайи 10 соли ахир сарфи назар аз тағйироти муайян дар солҳои ахир, ҷараёни возеҳи афзоиши воридоти мол аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Ҳаҷми воридот сол то сол зиёд шуда, соли 2024 ба нишондиҳандаи баландтарин - 1,1 млрд доллар расид.
Соли 2016 воридот 481,3 млн долларро ташкил дода, дар соли минбаъда афзоиш устувор шуд. Ба ин тариқ, соли 207 он то 514,6 млн доллар афзуда, соли 2018 - ба 536,8 млн доллар расид. Афзоиши аз ҳама назаррас соли 2019 ба мушоҳида расид: ҳаҷми воридот то 793,3 млн доллар зиёд шуд. Солҳои минбаъда афзоиш идома ёфта, соли 2020 ин нишондиҳанда 757,5 млн ва соли 2021 - 818,5 млн долларро ташкил дод.
Соли 2022 бо воридот дар сатҳи 957,3 млн доллар соли рекордӣ шуд. Лекин дар соли 2023 каме коҳиш ба қайд гирифта шуд - то 892,9 млн доллар. Соли 2024 афзоиши нав - то 1,1 млрд доллар сурат гирифт, ки аз нишондиҳандаи солҳои пешин зиёдтар аст.
Гардиши мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон
Тайи солҳои ахир дар гардиши мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон тағйироти назаррас сурат гирифт. Соли 2016 ҳаҷми савдо 676,1 млн долларро ташкил дода, соли 2017 он то 838,9 млн доллар зиёд шуд. Соли 2018 гардиши мол устувор боқӣ монда, 838,6 млн долларро ташкил дод. Соли 2019 афзоиши назаррас - то 957,7 млн доллар сабт шуд. Аммо дар соли 2020 бар асари пандемия то 909,8 млн доллар поинравӣ ба қайд гирифта шуд.
Соли 2021 савдо боз ривоҷ ёфта, ба 1,18 млрд доллар расид ва соли 2022 нишондиҳандаи рекордӣ - 1,44 млрд доллар ба қайд гирифта шуд. Соли 2022 гардиши мол то 1,15 млрд доллар коҳиш ёфта, лекин дар соли 2024 барқароршавӣ - то 1,29 млрд доллар ба мушоҳида расид.
Қобили зикр аст, ки Қазоқистон мудом ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дохил мешавад.
Дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳо моҳи феврали соли 2025 масоили густариши ҳамкориҳо баррасӣ шуд. Асоси савдои дуҷониба аз маҳсулоти бахши кишоварзӣ иборат буда, 40% гардиши мол ба он рост меояд. Қазоқистон ба афзоиши содироти гандуму орд ва маснуоти қаннодӣ изҳори омодагӣ кард.

Нақша - 2 млрд доллар
Бино ба маълумоти соли 2024, қисмати зиёди гардиши мол байни Қазоқистон ва Тоҷикистон (40%) - маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Қазоқистон ба афзоиши содироти маҳсулоти маъмулӣ - гандуму орд, маснуоти ордӣ ва қаннодӣ, ки ба Тоҷикистон фиристода мешавад, омода аст.
Дар номгӯи маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистон содир мешаванд, сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, инчунин чормағз зикр шудаанд.
Дар соли 2024 Тоҷикистону Қазоқистон то ба 2 млрд доллар расонидани ҳаҷми гардиши молу маҳсулотро ба нақша гирифтаанд.
Рушди ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ
Зимни дидору гуфтушуниди директори Агенти содироти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Тӯрахонов рӯзи 18 марти соли 2025 дар Душанбе масоили калидии рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳо бо шумули таҳия ва пешбурди лоиҳаҳо дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тоҷикистон дар як қатор ярмаркаҳои дар Қазоқистон ташкилшуда дар соли 2024, ки мусбат арзёбӣ гардида, муҳим будани чунин чорабиниҳоро тасдиқ намуданд, иштирок кард. Дар назар аст, ки ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳо фаъолона бо имкони то ба 2 млрд доллар расонидани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот густариш меёбад.
Содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан аз маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ иборат аст. Дар навбати худ, аз Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафту кимиё, фулузот (металлҳо), масолеҳи сохтмон ва зироати ғалладона ворид мешавад.
Сарфи назар аз тағйирот дар гардиши молу маҳсулот, ҳарду ҷониб ҳам ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасманданд. Ин барои афзоиши ҳаҷми содирот ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.