Дар соли 2024-ум муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллар пул равон кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 27% (беш аз 1,5 миллиард доллар) зиёд мебошад. Дар соли 2023 ҳаҷми интиқоли пул ба ҷумҳурӣ 4,6 миллиард долларро ташкил дода, ба 39 дарсади ММД баробар будааст.
Дар ин бора Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (СҶМ) бо нашри як гузориш хабар дода, гуфтааст, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирон дар соли гузашта 45% Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон (ММД)-ро ташкил медиҳад.
Гузориши мазкур таҳти унвони “Гузориш оид ба вазъи муҳоҷират. Июл-декабри соли 2024” рӯзи 6-уми май нашр шудааст. Ба гуфтаи созмон гузориш бар пояи омори Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ва омори Русия таҳия гардидааст. Ҳарчанд, гузориш 6 моҳи охири соли гузаштаро дар бар мегирад, вале дар он бархе омор солона аст.
Тибқи маълумоте, ки дар гузориш дарҷ шудааст муҳоҷирон ҳудуди 15 миллиони ин маблағҳоро аз Қазоқистон ба кишвар равон кардаанд. Ҳаҷми маблағе, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия, макони асосии кори онҳо ба Тоҷикистон фиристодаанд, дар гузориш зикр намешавад.
Муҳоҷирони тоҷик дар кадом давлатҳо қарор доранд?
Бар асоси гузориши мазкур, аз моҳи январ то сентябри соли 2024-ум беш аз 618 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба Русия барои кор рафтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 8% (673,285 нафар) коҳиш ёфтааст.

Гузоришгарон коҳиши теъдоди муҳоҷирони корӣ ба ин кишварр ба фишору таъқибҳо дар пайи ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус Сити Ҳол” ва ҷорӣ шудани қоидаҳои маҳудудкунандаи ҳузури муҳоҷирон дар 49 минтақаи Русия рабт додаанд.
Дар ҳамин ҳол, гузоришгарон дар такя ба Вазорати корҳои дохилии Русия навиштаанд, ки ба ҳолати моҳи августи 2024-ум дар ҳудуди ин кишвар 1 миллиону 231 ҳазор муҳоҷири тоҷик қарор доштанд, ки пас аз муҳоҷирони Ӯзбекистон (кариб 1 миллиону 700 ҳазор нафар) дуюмин гурӯҳи калони муҳоҷирон дар ин кишвар мебошад.
"Дар баробари ин, муовини аввали вазири корҳои дохилии ин кишвар иттилоъ дод, ки дар давраи аз январ то августи соли 2024 1 миллиону 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба Русия омада, 1 миллиону 600 ҳазор нафар аз кишвар ихроҷ шудаанд",- зикр мешавад дар гузориш.
Тибқи ин гузориш Казоқистон дуюмин кишвари муҳим барои муҳоҷирони тоҷик пас аз Русия мебошад. Соли гузашта 969 ҳазору 864 шаҳрванди тоҷик ба ин кишвар сафар кардаанд.
Муаллифони гузориш дар такя ба маълумоти мақомоти Тоҷикистон, навиштаанд, ки соли гузашта 547 ҳазору 205 муҳоҷир (73% мардон ва 27% занон) ба Тоҷикистон баргаштанд.
Тибқи маълумоти дар гузориш дарҷшуда, 6 ҳазору 339 шаҳрванди Тоҷикистон, (67% мард ва 33% занон) дар соли 2024 дар Кореяи Ҷанубӣ қарор доштаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 40% бештар будааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси қарордоди расмии байни ду кишвар ба кори мавсимӣ дар ин кишвар ҷалб шудаанд.
Ихроҷи тоҷикон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо афзудааст
Муаллифони гузориш бо истинод ба маълумоти Оҷонсии омори миллии Қирғизистон навиштаанд, ки 461 шаҳрванди тоҷик дар соли 2024 раводиди зисти доимӣ ба ин кишварро дарёфт кардаанд. Ин теъдод нисбат ба соли 2023-юм 65% коҳиш ёфтааст. Сабабҳои коҳишёбӣ шарҳ дода нашудааст.
Соли гузашта 241 шаҳрванди тоҷик раводиди доимӣ дар Ӯзбекистонро дарёфт кардаанд.
Дар баробари ин гузоришгарон дар такя ба манобеи расмии кишварҳо гуфтаанд, ки 77 шаҳрванди тоҷик дар соли 2024-ум аз ИМА ихроҷ шудаанд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки то охири сентябри соли гузашта дар умум 725 муҳоҷири тоҷик аз Иттиҳоди Аврупо ихроҷ гардидаанд. Муҳоҷирон бештар аз Литва (23%), Олмон (19%) ва Полша (17%) ихроҷ карда шудаанд. Порсол мақомоти Мексика низ ҳудуди 324 муҳоҷири тоҷикро бо сабабҳои гуногун боздошт кардаанд.
Тоҷикистон ба шаҳвандони кадом кишварҳо иҷозаи кору паноҳандагӣ додааст?
Ба ҳолати моҳи декабри соли 2024-ум Тоҷикистон, ба 6 ҳазору 500 муҳоҷири хориҷӣ иҷозаи кор дар кишварро додааст. Аз ин теъдод 2 ҳазору 448 нафарро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд, ки дар корхонаҳои муштараки саноатӣ ба кор шуруъ кардаанд. Инчунин шаҳрвандони Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Русия ва дигар кишварҳо иҷозаи кор дар Тоҷикистонро дарёфт кардаанд.

Инчунин дар гузориш зикр шудааст, ки Тоҷикистон ба ҳолати шашмоҳаи аввали соли 2024-ум ба 10 ҳазору 381 шаҳрванди хориҷӣ паноҳандагӣ додааст, ки аксарияти онҳо аз Афғонистон (8 ҳазору 253) будаанд.
Бояд гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон аз 2014 инҷониб аз пешниҳоди маълумот ба намояндагони ВАО дар бораи ҳаҷми интиқоли пул худдорӣ мекунанд, ҳарчанд дар ин бора ҳеҷ гуна маҳдудияти қонунӣ вуҷуд надорад.
Қаблан расонаҳои кишвар маълумотро дар ин бора дар сомонаи Бонки марказии Русия дарёфт мекарданд. Аммо пас аз оғози ҷанги байни Русия ва Украина, ин ниҳоди молиявии Русия аз нашри чунин маълумот худдорӣ мекунад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ низ дар ин бора гузоришҳо таҳия мекунад. Ахиран ҳаҷми маблағи фиристодаи муҳоҷирони меҳнатиро дар соли 2022 ҳисоб карда буд.
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Хадамоти гумрук: Боҷ барои воридоти телефони мобилӣ ба Тоҷикистон 20% аз арзиши гумрукии телефон аст
Нархи сабзавот дар Тоҷикистон боло рафт. Сабаб дар чист?
Аз “Шаҳри ҳушманд” то кӯдакистони муосир. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе кадом биноҳоро ифтитоҳ кард?
Идомаи ҳамлаҳо, “ду ҳафта”-и беохири Трамп ва эҳтимоли оғози гуфтугӯ. Ҳаштумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Касе осеб надидааст”. Тарабхонаи “Яккасарой”- и Хуҷанд ба коми оташ рафт
Сафири Эрон гуфт, аз мавқеи Тоҷикистон, ки ҳамлаи Исроилро маҳкум кард, қадрдонӣ мекунанд
Темур Раҳимов медали биринҷӣ гирифт. Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо се медал ба ватан бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Гунҷишк”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 июни соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста