Раиси вилояти Қазвини Ҷумҳурии исломии Эрон доир ба роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ изҳор омодагӣ кардааст.
Созишнома аллакай омода шуда, иқдоми муҳим дар рушди табодулҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории эронии ИРНА иттилоъ медиҳад.
“Мо мехоҳем, ки бо шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон муносибатҳои бародаршаҳрӣ роҳандозӣ кунем”, - гуфтааст раиси вилояти Қазвини Эрон Муҳаммад Нузарӣ рӯзи 10 май зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ.
Тоҷикистон кишварест ҳамзабон ва решаҳои қадимаи муштараки таърихӣ, ки қисмате аз фарҳанги Эрон ва гузаштаро нигоҳ медорад. Мардуми Тоҷикистон қисмати ҷудонопазири фарҳанги эронии мост”, - таъкид доштааст Нузарӣ.

Ӯ зикр кардааст, ки сафари президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ва бекор шудани реҷаи раводид байни давлатҳо, барои густариши бештари робитаҳои фарҳангӣ имконоти нав фароҳам овард.
Раиси вилоят изҳор намудааст, ки имконоти сайёҳии Қазвин ҳоло комилан азхуд ва истифода нашудааст:
“Сайёҳони тоҷик асосан ба Шероз меоянд, дар ҳоле ки имконоти сайёҳии Қазвин нодида гирифта мешавад. Дар ҳамин ҳол, сокинони Қазвин мардуми меҳмонннавоз ва хайрхоҳ буда, дар сурати фароҳам шудани зерсохтори марбута омодаанд, ки меҳмонони тоҷикро самимона пазиройӣ кунанд”.
Ӯ хотиррасон намудааст, ки рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати ҳукумати Эрон аст: “Мо барои рушди сайёҳӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем ва тайи рӯзҳои ахир бархе аз сафирон ва меҳмонони хориҷиро пазируфтем. Ин гуна вохӯрӣ ва табодулро густариш бахшидан лозим аст”.

“Қазвин яке аз шаҳрҳои қадимтарини Эрон буда, дорои иқтисоди рушдёфта дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат ва бахши кишоварзӣ мебошад. Мо ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд омодаем”, - таъкид доштааст ӯ.
Нузарӣ дар бораи ифтитоҳи донишгоҳи ҳунар дар вилоят изҳори назар карда, рушди табодул миёни донишҷӯён бо Тоҷикистонро пешниҳод кардааст. “Моро забон, адабиёт ва арзишҳои умумӣ муттаҳид месозад. Доншҷӯён дар мо таълим гирифта, метавонанд сатҳи илмии худро баланд бардоранд ва сафирони фарҳангӣ дар кишварҳои худ шаванд”.
Ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ҳам имконпазир аст.
Нузарӣ ифтитоҳи Палатаи савдо ва саноат дар Тоҷикистон, рушди табодули таҷриба дар бахши кишоварзӣ ва саноати хӯроквориро пешниҳод кардааст: “Бахусус дар бахшҳои воситаҳои шустану поккорӣ, истеҳсоли гӯшти паранда, тухм, мева ва сабзавот”.
Ба қавли Нузарӣ, Қазвин ба шумори чор вилояти аз лиҳози саноатӣ рушдёфтаи Эрон дохил буда, барои сармоягузориҳо аз Тоҷикистон боз аст. Вилоят ҳамчунин ба ташкили машваратҳои махсус ва таъсиси гурӯҳҳои муштараки корӣ омода аст.
Раиси вилоят сатҳи баланди нанотехнологияҳоро дар минтақа зикр карда, мутахассисони тоҷикро ба ҳамкорӣ даъват кард: “Ин метавонад бахусус барои олимон ва мутахасисони тоҷик мавриди таваҷҷуҳ бошад”.
Дар фарҷоми вохӯрӣ доир ба густриши ҳамкориҳо байни Қазвин ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун созишномаи дуҷониба ба имзо расид.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста