Ташкили бозори карбогидратҳо (карбон) метавонад марҳалаи муҳими гузариш ба рушди устувор ва ҷалби сармоягузориҳои байнулмилалӣ гардад.
Ғояи таъсиси бозори карбон дар Тоҷикистон дар шароити чолишҳои глобалии иқлим ва зарурати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Кишвар бо як қатор мушкилоти экологӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, аз ҷумла обшавии пиряхҳо ва норасоии захираҳои об.
Роҳандозии бозори карбон метавонад яке аз воситаҳои ҷалби сармоягузориҳои байнулмилалӣ ва рушди лоиҳаҳои устувори экологӣ, аз ҷумла энергетикаи барқароршаванда ва сайёҳии экологӣ гардад.
Аммо барои ба ин мақсад ноил гардидан чӣ мебояд кард?
Бозори карбон: воқеъият барои Тоҷикистон
Ҷалби сармоягузорӣ тавассути бозорҳои карбон имконият медиҳад, ки Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалӣ, аз қабили барномаи энергетикаи сабзи СММ ё лоиҳаи Бонки осиёии рушд иштирок кунад. Созмонҳои байнулмилалӣ Тоҷикистонро фаъолона дастгирӣ мекунанд, ки ин метавонад сатҳи эътимоди сармоягузоронро боло бурда, ба татбиқи муваффақонаи бозори карбон мусоидат кунад.
Бо вуҷуди ин, ташкили бозори карбон дар Тоҷикистон ба як қатор хатарҳо ва чолишҳо рӯбарӯ аст. Вазъи иқтисодии кишвар талаб мекунад, ки барои татбиқи лоиҳаҳои иқлимӣ захираҳои молиявии зиёд ҷалб карда шаванд, ки арзиши онҳо метавонад то 96 млрд долларро ташкил диҳад.

Мувофиқи Гузориши миллии иқлим ва рушди Тоҷикистон, барои татбиқи сенарияи нақшаи рушди иқтисоди сабз, дар солҳои 2025–2030 бояд тақрибан 34 млрд доллар ва дар солҳои 2031–2050 - боз 45 млрд доллари иловагӣ сармоягузорӣ карда шавад.
Ин рақамҳо қобилияти кишварро барои мустақилона таъмин намудани хароҷот зери шубҳа гузошта, ташкили бозори карбонро ба кумакҳои хориҷӣ вобаста мегардонанд.
Илова бар ин, барои фаъолияти самараноки бозори карбон рушди зерсохтор ва такмили заминаи қонунгузорӣ бо шумули низоми гувоҳномадиҳии (сертификатсияи) қарзҳои карбон, ки ҳоло дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, зарур аст.
Ҳамзамон бояд ба интиқодҳои экологҳо низ таваҷҷуҳ кард, ки аз таъсири нерӯгоҳҳои барқи обии бузург ба муҳити зист изҳори нигаронӣ мекунанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои ташкили бозори карбон дар Тоҷикистон, роҳандозии иқдомҳои мушаххас зарур аст.

Дар ҷараёни конфронси иқлимии КС-29, ки соли 2024 дар шаҳри Боку доир гардид, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа таъкид кард, ки ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои дастгирии кишварҳои рӯ ба рушд бояд ҳадди аққал чор маротиба зиёд карда шавад. Ӯ зикр намуд, ки бо вуҷуди дуруст будани тасмим дар бораи афзоиши кӯмаки молиявӣ то 300 млрд доллар то соли 2035, ин миқдор ҳанӯз кифоя нест.
“Бар ин назарем, ки барои роҳандозии самаранок ва одилонаи тадбирҳои мутобиқсозӣ ва коҳиш дар кишварҳое, ки бештар аз ҳама дучори мушкиланд, маблағи 300 млрд доллар дар як сол кофӣ нест. Илова бар ин, набудани пешрафт оид ба механизми ҷуброни талафот ва зарар, инчунин манъи ҳалли масъалаи "гузариш аз сӯзишвориҳои маъданӣ" аз ҷониби як қатор кишварҳои дорои нафту газ, моро ноумед кард”, – гуфт Икром Мамадов, роҳбари Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист.
Вадим Ни, роҳбари “Бунёди иҷтимоӣ-экологӣ”-и Қазоқистон дар як шарҳи худ барои «Азия-Плюс» зикр кард, ки барои ташкили бозори карбон дар Тоҷикистон, муқаррар кардани квотаҳо дар сатҳи корхонаҳои бузург лозим аст. Аммо барои ин мавҷуд будани субъектҳои бузург зарур мебошад.
Айни замон TALCO, Марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-1 ва 2 ва боз чандеи дигар аз ҷумлаи чунин корхонаҳоянд, ки метавонанд бо назардошти партовҳои газҳои гулхонаӣ квота гузошта шаванд. Аммо ба гуфтаи Ни, “ин шумораи корхонаҳо барои ташкили бозори пурраи карбон нокофист”.

Муаззама Бурҳонова, номзади илмҳои биологӣ, директори Бунёди “Дастгирӣ-Марказ”, ки бо дастгирии рушди бахши шаҳрвандӣ тавассути татбиқи ташаббусҳои экологӣ машғул аст, бар ин назар аст, ки қарзҳои карбон метавонанд партовҳоро самаранок танзим кунанд ва ба муборизаи иқтисодии фоидаовар бо тағйирёбии иқлим мусоидат намоянд.
Қарзҳои карбон — ин квотаҳо барои ҳаҷми иҷозашудаи партовҳо ба муҳити зист мебошанд, ки ба як тонна гази карбонат баробар аст. Ҳар як субъекти давлатӣ як миқдори муайяни квота барои партоб мегирад, ки баъдан байни ширкатҳо тақсим карда мешавад.
Бозорҳои карбон ба ҳукумат ва дигар субъектҳои ғайридавлатӣ (корхонаҳо) имконият медиҳанд, ки бо ин квотаҳо муомила кунанд, ки ин метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иқлимӣ бо истифода аз усулҳои иқтисодӣ самаранок мусоидат кунад.
Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон то ҳол низоми мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва тасдиқи назорати партовҳои CO₂ вуҷуд надорад. Айни замон, корхонаҳое, ки барои CO₂ меъёрҳои муайяни партов надоранд, метавонанд изи ихтиёрии карбонии худро тибқи стандартҳои ISO 14064 ҳисоб кунанд ва дар барномаҳои байналмилалии фурӯши қарзҳои карбон тавассути стандарти Gold Standard барои НБО ширкат варзанд.

Эҳтимол меравад, ки солҳои 2025–2026 дар Тоҷикистон аввалин қонунҳо дар бораи танзими CO₂ қабул шаванд (бо дастгирии ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ).
Фурӯши қарзҳои карбон барои НБО-и Роғун имконпазир аст, ҳарчанд он аз лиҳози расмӣ ба CO₂ лимит надошта бошад ҳам, метавонад тибқи меъёрҳои VCS гувоҳнома гирифта, қарзҳоро ба фурӯш барорад.
“Фурӯши қарзҳои карбон инчунин барои корхонаи истеҳсоли сементи “Хуаксин” тавассути коҳиши ихтиёрии партовҳо бо роҳи таҷдиди истеҳсолот ва дигар корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла МБГ-и Душанбе, ки нақшаи таҷдиду гузариш ба гази табииро дорад, имконпазир аст”, — мегӯяд Бурҳонова.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаҳои бунёди ҷангалҳо низ метавонанд ба бозори карбони Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд. «Мувофиқи таҳқиқоти илмӣ, як дарахт дар як сол метавонад аз 21,77 то 31,5 кг CO₂-ро ҷуброн кунад. Барои ҷуброни 1 тонна CO₂ аз 31 то 46 дарахт лозим аст», - - таъкид мекунад мутахассис.
Имконот ва хавфҳои бозори карбон
Ташкили бозори карбон дар Тоҷикистон метавонад як қадами муҳим дар роҳи рушди устувор гардад, аммо ин раванд бо як қатор хавфҳо ҳамроҳ аст.
Аввал дар бораи афзалиятҳо. Яке аз онҳо ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ барои татбиқи лоиҳаҳои аз лиҳози экологӣ тоза, аз қабили рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад. Ин ба кишвар имконоти нави молиявиро боз мекунад, ки метавонанд барои беҳбуди амнияти энергетикӣ ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлим истифода шаванд.

Иштирок дар тиҷорати байнулмилалии карбон инчунин ба Тоҷикистон ҷиҳати табдил ёфтан ба қисмате аз низоми ҷаҳонии ҷуброни партовҳои CO2 имкон медиҳад, ки ин дар навбати худ, метавонад рушди иқтисодиро ҳавасманд созад.
Тоҷикистон дорои иқтидори назаррас дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, бахусус дар соҳаи нерӯи барқи обӣ (гидроэнергетика) мебошад ва истифодаи ин захира барои дарёфти қарзҳои карбон дурнамоҳои иловагӣ боз мекунад. Зикр кардан муҳим аст, ки чунин лоиҳаҳо метавонанд ба гуногунсамт кардани бозори энергетикӣ мусоидат кунанд ва вобастагии кишварро аз манбаъҳои карбон камтар созанд.
Директори Фонди сарфаи энергия Астхинэ Пасоян қаблан зимни суҳбат бо «Азия-Плюс» андешаи худро оид ба хавфу имконоти ташкили бозори карбон дар Тоҷикистон чунин баён дошта буд:
“Хавфҳои асосии ташкили бозори карбон дар Тоҷикистон камбуди мутахассисони техникӣ, мавҷуд набудани воситаҳои зарурии молиявӣ ва сатҳи пасти огоҳии бахши тиҷорат аст. Аммо имконоти ин бозор ба ҷалби сармоягузории байнулмилалӣ, беҳбуди вазъи экологӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавассути татбиқи технологияҳои “сабз” марбут аст”.
Барои ташкили муваффақонаи бозори карбон танҳо танзими қонунгузорӣ кофӣ нест, балки баланд бардоштани сатҳи огоҳии соҳибкорон ва мутахассисони маҳаллӣ, инчунин мавҷудияти ҳалли техникии зарурӣ ва шароити молиявӣ низ муҳим аст."
Яке аз хавфҳо мавҷуд набудани зерсохтори кофӣ барои мониторинг ва тасдиқи партовҳои гази карбон мебошад. Барои пурсамар кор кардани бозори карбон, ташкили низоми баҳисобгирии партобҳо ва ҷорисозии меъёрҳо барои қарзҳои карбон зарур аст.
Вадим Ни, роҳбари «Бунёди иҷтимоӣ-экологӣ»-и Қазоқистон, чунин илова мекунад: “Набудани ҳалли муассири коҳиши партовҳо ва ҷорӣ кардани нархгузории карбон, мубориза бо тағйирёбии иқлимро дар Тоҷикистон мушкил хоҳад кард”.
Коршинос Муаззама Бурҳонова ишора мекунад, ки идомаи истифодаи ангишт ҳамчун манбаи асосии энергия, метавонад ба оқибатҳои ҷиддии экологӣ боис гардад, аз ҷумла ифлосшавии ҳаво ва хавфҳо ба солимӣ. Ӯ чунин таъкид мекунад:
“Сӯзонидани ангишт дар Марказҳои барқу гармидиҳӣ моддаҳои пароканда ва заҳролудкунанда, аз қабили сурб, мис ва моддаҳои органикиро ҷудо мекунад, ки метавонанд ба нуқсон дар узвҳои инсон ва варамҳои зарарнок оварда расонад”.
Ғайр аз ин ташкили бозори карбон метавонад ба хавфҳои иқтисодии марбут ба хароҷоти эҳтимолии иловагӣ барои коҳиши партов дучор шавад, ки дар шароити афзоиши истеъмоли энергия метавонад ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонад.

Сабақҳои бозорҳои карбон аз кишварҳои дигар
Барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ташкили бозори карбон Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи кишварҳои дорои шароити иқтисодии монанд ба худ истифода барад. Хусусан таҷрибаҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон муфид мебошанд. Ин кишварҳо бо хавфҳои ба якдигар монанд рӯбарӯ буда, дар соҳаи энергетика ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим фаъолона ҳалли устувор ҷорӣ мекунанд.
Қазоқистон дар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили энергияи офтобӣ ва бодӣ сармоягузорӣ мекунад, ки метавонад барои Тоҷикистон намунаи хуб дар таҳияи заминаи қонунгузорӣ барои дастгирии лоиҳаҳои сабз ва ҷалби сармояи хусусӣ бошад.
Қирғизистон ба кишоварзии устувор таваҷҷуҳ зоҳир намуда, технологияҳои таъмини об ва киштро рушд медиҳад, ки ин низ метавонад барои Тоҷикистон муфид бошад.
Ӯзбекистон лоиҳаҳои сайёҳии экологӣ ва иқтисоди сабзро рушд медиҳад, ки метавонад барои Тоҷикистон намунаи истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бошад.
Тавре ки коршинос Вадим Ни зикр кард, барои фаъолияти самараноки бозори карбон Тоҷикистон бояд мунтазам маълумот дар бораи партовҳоро назорат ва нашр кунад, ки ҳоло чунин ба назар намерасад.

“Тоҷикистон бояд ба таҷрибаи кишварҳое, ки тайи солҳои ахир дар онҳо рушди бозори карбон сурат гирифтааст, аз ҷумла Ветнам ва Индонезия, таваҷҷуҳ кунад”, - зикр кард ӯ.
Ветнам ба рушди низоми андозбандии карбон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар бозорҳои байналмилалии карбон ширкат меварзад, ки ба танзими партовҳо ва коҳиши ифлосшавӣ дар ҳоли рушди иқтисодӣ имкон медиҳад.
Индонезия ба лоиҳаҳои бунёди ҷангалҳо тамаркуз мекунад, ки бо назардошти иқтидори ин соҳа, ин яке аз самтҳои муҳим барои Тоҷикистон низ маҳсуб меёбад.
...Ташкили бозори карбон дар Тоҷикистон метавонад марҳалаи муҳим дар гузариш ба рушди устувор ва ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ гардад. Аммо барои ин ба кишвар лозим меояд, ки хавфҳои ҷиддиро паси сар кунад - аз норасоии зерсохтор ва мутахассисон то набудани заминаи қонунгузорӣ ва системаҳои мониторинги партовҳо.
Тавре ки коршиносон таъкид мекунанд, муваффақият ба стратегияи дақиқу возеҳи давлатӣ, рушди квотагузорӣ барои корхонаҳои бузург ва ҳамкорӣ бо шарикони байнулмилалӣ вобаста аст. Бидуни чунин иқдомот, бозори карбон дар Тоҷикистон метавонад ба хавфи имкониятҳои амалиношуда дучор гардад.