Даҳгонаи аввал (ТОП-10)-и кишварҳои дорои сатҳи баланди қарзи давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро Телеграм-канали “Геостатистика” таҳия кард.
Сатҳи бештар баланди қарзи давлатӣ, ки дар ҷадвал оварда шудааст, дар Судон (252% нисбат ба ММД), Ҷопон (235%нисбат ба ММД) ва Сингапур (175% нисбат ба ММД) ба қайд гирифта шудааст.
Аз кишварҳои хориҷи наздик дар ҷадвал Ӯзбекистон (36% нисбат ба ММД), Қазоқистон (21% нисбат ба ММД) ва Русия (18% нисбат ба ММД) ҳузур доранд.

Дар гузориш гуфта мешавад, қарзи давлатӣ “кайҳост, ки танҳо як сатр будан дар ҳисоби буҷет набуда, яке аз нишондиҳандаҳои калидии қобилияти фаъолияти иқтисод ва имконоти муқовимати он ҳолатҳои ба ғайриодӣ ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ аст”.
“Дар ҳамин ҳол, дар рӯйхати кишварҳои дорои сатҳи баландтарини қарзи давлатӣ нисбат ба ММД кишварҳое қарор доранд, ки хусусиятҳои иқтисодии хеле гуногун доранд”, - таъкид мекунанд муаллифони гузориш.
Дуруст аст, ки онҳо ба кадом давра рост омадани ин маълумоти нашркардаи худ ва манбаъҳои онро зикр намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазоратимолияи кишвар, ба ҳолати 1 январи соли 2025 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 25,2%-и ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст. Ин сатҳи бештар пасстари қарзи кишвар тайи 15 соли ахир аст.
Зиёда аз 3,2 млрд доллар (89%) дар ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба қарзҳои хориҷӣ ва беш аз 382 млн доллар - ба қарзи дохилӣ рост меоянд.