Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки даромади умумии операторони алоқаи кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ (беш аз 105 миллион доллари ИМА)-ро ташкил додааст.

Ин нишондиҳанда 4 фоиз ё 140 миллион сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.

Даромади операторони хусусии алоқа тақрибан 995 миллион сомонӣ (тахминан 95 миллион доллар) будааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 6,1 фоиз зиёдтар аст.

Даромади оператори миллии алоқа — “Тоҷиктелеком”, инчунин КВД “Почтаи тоҷик” ва дигар сохторҳои тобеи Хадамоти алоқа, баръакс, 1,6 фоиз кам гардида, 62,6 миллион сомониро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, то 1-уми апрели соли 2025 дар ҷумҳурӣ 8,3 миллион корбари алоқаи мобилӣ сабт шудааст, ки аз онҳо 5,3 миллион корбари фаъол ба ҳисоб меравад.

Маълумоти расмӣ оид ба шумораи корбарони интернет барои аввали моҳи апрел дастрас нест. Аммо қаблан хабар дода шуда буд, ки то 1 январи соли 2025 теъдоди корбарони интернет дар кишвар тақрибан 4,9 миллион нафар буда, аз ин шумора 4,7 миллион нафар корбарони интернети мобилӣ мебошанд.

 

Маош ва ҷойгоҳи соҳаи алоқа

Тибқи омори расмӣ, соҳаи алоқа дар ҷумҳурӣ аз рӯи маош баъд аз бахши бонкдорӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад.

Музди миёнаи моҳонаи кормандони соҳаи алоқа дар моҳи марти соли 2025 тақрибан 5,5 ҳазор сомонӣ (муодили 525 доллар) будааст. Ин рақам тақрибан ду баробар бештар нисбат ба музди миёнаи умумии кишвар, ки 2,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, мебошад.

 

Суръати интернет ва мавқеи Тоҷикистон дар рейтинг

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар рейтингии моҳи апрели Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернети собит (проводной) ҷойи 117-ум-ро миёни 155 кишвар ишғол мекунад. Суръати миёнаи боргирӣ (download) 36,96 Мбит/с буда, назар ба суръати миёнаи ҷаҳонӣ (98,3 Мбит/с) хеле поинтар аст.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон дар ҷойи 76-ум, Қирғизистон — 72-юм ва Қазоқистон — 78-ум қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.