Имрӯз, 14-уми июн Намоишгоҳ (Ярмарка)-и байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2025” ба анҷом мерасад. Он се рӯз, аз 12 то 14-уми июн давом кард. Пеш аз кушодашавии ярмарка Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” баргузор шуд ва дар он 500 меҳмон аз 20 давлат ва садҳо соҳибкор, сокинон, раисону шаҳру навоҳии саноатӣ ва дигар масъулин ширкат варзиданд.
Рӯзи гузашта, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд Форумро оғоз бахшида, гуфт, ки имсол бори 11-ум аст, ки он доир мешавад.

Ба иттилои вай, танҳо дар панҷ соли охир ба иқтисодиёти вилояти Суғд беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст. Санҷиши ин иттилоъ тавассути манбаъҳои дигар ғайриимкон аст.
“Айни замон дар қаламрави вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 250 миллион доллар амалӣ шуда истодааст. Ҳукумати вилоят талош меварзад то ҷалби лоиҳаҳоро бештар карда, соҳаи саноатро рушд диҳад”,- гуфт Раҷаб Аҳмадзода.
Дар кори Форум ҳамзамон як қатор масъулину намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои молиявию байналмилалӣ суханронӣ намуда, ташкили чунин чорабиниҳоро ба манфиати кишварҳои минтақа арзёбӣ карданд.
Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд–2025" ҳам ҳузур дошт, гуфт, кишвараш омода аст бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкориву сармоягузории вилояти Суғд дар самтҳои гуногун, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ҳамкориҳоро бештар роҳандозӣ кунад.
Дар Ярмарка намояндагони кишварҳои гуногун маҳсулоти сохтмонӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, тиббӣ ва ғайраро ба намоиш ва фурӯш гузошта буданд. Дар растае, ки соҳибкорон ва намояндагони Қирғизистон ҷойгир буданд аз либоса то хӯрокворию маҳсулоти соҳаи саноат ба маърази тамошобинон гузашта шуда буд.
Иморбой Бакиров, соҳибкори асалпарвар аз шаҳри Оши Қирғизистон, ки бори аввал ба шаҳри Хуҷанд омадааст, ҳамагӣ 20 кг дар Ярмарка асалро ба намоиш ва фурӯш овардааст.

Вай изҳори боварӣ кард, ки дар Ярмарка мизоҷони тоҷики худро пайдо карда, минбаъд ба миқдори бештар асалро ба бозорҳои Суғд меорад.
Кафилӣ Ҳешмат, соҳибкор ва намояндаи Эрон аз ширкати сохтмонии “QZL” навъҳои гуногуни маҳсулоти ин ширкатро ба маъраз гузашта буд, изҳори умед кард, ки ба туфайли ин чорабинӣ муштариёни нав пайдо мекунад.

Нуриддин Мамадҷонов, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба Ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2025 маҳсулоти соҳаи саноат ва кишоварзиро ба намоиш оварда буд.
Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун шароит фароҳам аст.
“Форуми мазкур барои истифодаи ин имкониятҳо саҳми босазо дорад ва дар рушди иқтисоди миллии ҳарду кишвар нақши муҳиме хоҳад гузошт”, - гуфт номбурда.
Ёдовар мешавем Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” ва Ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2025” аз соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад ва ба гуфтаи масъулон, “сол то сол сафи шарикон ва шумораи лоиҳаҳои хориҷӣ зиёд мешавад”.
Ташкилкунандагони он бовар доранд, ки чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ дар рушди иқтисоди кишвар саҳм мегузоранд.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста