Давоми як сол - аз моҳи июни соли 2024 то июни соли 2025 нархи сабзавот дар Тоҷикистон чанд мартиба боло рафтааст. Аз ҳама зиёд сабзӣ (3 баробар) ва сирпиёз (қариб 2 баробар) қимат шудааст. Нархи карам ва картошка низ ба таври назаррас зиёд шудааст.
Дар пасманзари тағйироти мавсимӣ, болоравии устувори нархи аксари сабзавоти маъмул ба мушоҳида мерасад. Бахуссус, караму бодинҷон ва сирпиёз аз ҳама бештар гарон шудаанд. Баъзе маҳсулот зиёда аз 2 баробар ва бодинҷон бошад, қариб 6 баробар афзудааст.
Аз ҳама зиёдтар чӣ қимат шуд?
Агар нархи пиёзи бехӣ дар сатҳи пешина - 2,8-3 сомонӣ (1 кг) боқӣ монда бошад, пас нархи карам ду баробар - аз 3 то 6 сомонӣ ва сабзӣ - аз 2,5 то 7-8 сомонӣ боло рафт.
Картошка ба гароншави мунтазами худ аз 5 то 6–7 сомонӣ идома дод. Лаблабу бошад, муътадил, вале устувор боло рафта, ба 6,40 сомонӣ расид.
Тағйирёбии назарраси нарх бештар дар сабзавоти гармхонагӣ ва мавсимӣ мушоҳида шуд. Масалан, помидор, ки тобистони соли 2024 тақрибан 6 сомонӣ арзиш дошт, моҳи апрели 2025 то 19,55 сомонӣ боло рафт ва баъдан тобистон боз то 10 сомонӣ поин омад.

Қаланфури булғорӣ боз ҳам зиёдтар қимат шуд. Аз 9 сомонӣ то 35 сомонӣ дар моҳи марти 2025 ва поинравӣ то 15 сомонӣ дар моҳи июн шуд.
Нархи бодиринг дар давоми сол аз 4 то 18 сомонӣ тағйир ёфт, дар ҳоле ки сирпиёз нархи баландашро устувор нигоҳ дошт — аз 17 то 29 сомонӣ.
Чаро нархҳо боло мераванд?
Тавре иқтисодчӣ ва таҳлилгари бахши кишоварзӣ Абдураҳмон Саидов ба "Азия-Плюс" шарҳ дод, гароншавии сабзавот дар Тоҷикистон зери таъсири як қатор омилҳо сурат гирифтааст.
"Аввалан, шароити обуҳаво ба муҳлати пухтарасии сабзавот ва ҳаҷми истеҳсолот таъсир расонд", — мегӯяд коршинос.
Баҳори соли 2025 дар як қатор минтақаҳои кишвар ҳавои ғайримаъмулии сард ва сербориш мушоҳида шуд, ки боиси ба таъхир афтодани кишт ва дертар пухтани ҳосил гардид. Ин вазъ дар он ҳафтаҳо, ки одатан фурӯши оммавии сабзавоти тару тоза оғоз меёбад, ба норасоӣ дар бозор оварда расонд ва дар натиҷа нархҳо боло рафтанд.
Ба гуфтаи Саидов, омили дуюм "афзоиши назарраси хароҷоти логистика, сӯзишворӣ ва бастубанд" будааст. Болоравии нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ хароҷоти интиқоли маҳсулот аз саҳро ба бозор ва анборҳоро зиёдтар кард.
"Сеюм, ноустувории бозори хориҷӣ, сабзавоти воридотӣ аз кишварҳои ҳамсоя низ гарон шуданд", — илова кард коршинос.
Дар шароити болоравии умумиҷаҳонии нархи маводи ғизоӣ, ки бо сабаби омилҳои геополитикӣ ва иқлимӣ ба миён омадааст, хариди маҳсулот аз ҳамсояҳо низ гаронтар шуд. Ин вазъ боз ҳам пешниҳод дар бозори дохилиро душвортар карда, ба таварруми умумӣ дар бахши сабзавот мусоидат намуд.

Дар марказҳои бузурги савдо — гаронтар
Моҳи июни соли 2025 нархи сабзавот дар марказҳои бузурги савдо (супермаркетҳо)-и пойтахти Тоҷикистон гуногун боқӣ монда, вобаста ба навъ, тару тозагӣ ва манбаи истеҳсолашон фарқ мекунад. Дар рафҳо ҳам сабзавоти маъмулии маҳаллӣ ва ҳам маҳсулоти гаронбаҳои воридотӣ ё парваришёфта бо меъёрҳои дараҷаи олӣ пешниҳод мешаванд.
Тибқи маълумоте, ки дар мағозаҳои шабакавии пойтахт сабт шуд, карам 4,50 сомонӣ (1 кг), карами сурх — 7,50 сомонӣ, карами чинӣ ва гулкарам - ҳарду - 12,50 сомонӣ нарх доранд.
Лаблабу бо нархи 7,50 сомонӣ, сабзӣ - 10,50 сомонӣ, картошкаи нави навъи “Пикассо” - 8,50 сомонӣ пешниҳод мешавад.
Миёни навъҳои қаланфури булғорӣ фарқияти назаррас ба чашм мерасад: қаланфури навъи олӣ 17,50 сомонӣ ва навъи “Фламинго” бошад, 32,50 сомонӣ нарх дорад.
Пиёзи нав бо нархи 4,60 сомонӣ, сирпиёз дар шакли вазнӣ — 35,90 сомонӣ ва сирпиёзи нав — 24,90 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Аз дигар сабзавоти маъмулу писандида помидор бо арзиши 7,50 сомонӣ, бодиринг - 4,20 сомонӣ ва бодинҷон - 15,90 сомонӣ фурӯхта мешаванд.
Иқтисодчӣ Рустам Мирзоев ин вазъиятро ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ дод, ки фарқияти нархҳо на танҳо ба хусусиятҳои навъ, балки ба шароити логистика низ марбут аст:
"Сабзавоти гармхонагӣ ва воридотӣ, инчунин маҳсулоте, ки бо меъёрҳои дараҷаи олӣ парвариш шудаанд, ҳамеша гаронтаранд. Илова бар ин, савдои чакана дар супермаркетҳо хароҷоти иловагиро талаб мекунад — логистика, яхдон, иҷора ва ғайра, ки ин бевосита ба нархи ниҳоӣ барои истеъмолкунанда таъсир мерасонад.
Ба ин тариқ, ҳатто дар ҳудуди як шаҳр нархи сабзавот метавонад ба таври назаррас фарқият дошта бошад.
Бинобар ин, бисёре аз сокинон бо мақсади сарфа ба бозорҳои анъанавӣ рӯ меоранд, ки дар онҳо маҳсулоти мавсимӣ одатан арзонтар мебошанд.