Ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон тадриҷан кам мешавад. Тавре ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар медиҳад, сабаби ин афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо ба кишвар аст.

Бино ба маълумоти Хадамот, дар зарфи 6 моҳи соли равон 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки 18,5 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Арзиши 1 тонна ин навъи сӯзишворӣ дар ин давра 685 долларро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта низ арзиши миёнаи он тақрибан ҳамин гуна нарх (681 доллар) дошт.

Зиёда аз 53%-и гази моеъ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввал аз Русия ва боқимонда - ҳудуди 47% аз Қазоқистон оварда шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон ба воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 15 ширкат машғул буданд, ки ҳиссаи бештаринаш дар ин бозор ба ширкатҳои зерин рост меояд:

- ҶДММ «Темур ойл» (27,8%);

- ҶДММ «Аллат» (15,1%);

- ҶДММ «Газпромнефт – Тоҷикистн» (9,6%).

Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир бинобар сабаби нисбатан арзон будан, гази моеъ яке аз навъҳои асосии сӯзишворӣ барои нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мееёфт. Дар робита ба болоравии нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) нақлиёти автомобилӣ тадриҷан ба истифодаи гази моеъ гузаштанд. Шуруъ аз соли 2015, зиёда аз 60%-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мебарданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, соли 2024 ба Тоҷикистон ҳудуди 18 ҳазор электромобил ворид карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар зарфи 5 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ аллакай қариб 13 ҳазор адад чунин навъи мошинҳо оварда шудааст.

То 1 июни соли 2025 шумори мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 34 ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.