То 1-уми июли соли 2025 дар анборҳои ҶСК "Азот” дар шаҳри Левакант зиёда аз 41 ҳазор тонна карбамид захира шудааст, ки барои фурӯш ва қонеъ гардонидани талаботи соҳаи кишоварзӣ тайёр аст. Вале Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки "харидорон ҳоло барои дастрас намудани он шитоб надоранд".
Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар корхонаи “Азот” ҳудуди 27,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 млн сомонӣ камтар аст. Дар ним соли равон корхона зиёда аз 8,6 ҳазор тонна карбамид фурӯхт.
Дар вазорати саноат бар ин назаранд, ки яке аз сабабҳои асосии коҳиши ҳаҷми истеҳсол, кам шудани харидории карбамид дар бозори дохилӣ ва инчунин мавсимӣ будани фурӯш аст. Дар сурати пурра фурӯхтани маҳсулоти худ корхона метавонад бо иқтидори пурра кор карда, талаботи кишварро ба нуриҳои минералӣ комилан қонеъ созад.
Чаро ба карбамиди ватанӣ талабот кам аст?
Бахтиёр Ҳайитбоев, агрономи тоҷик гуфт, худаш шахсан карбамиди истеҳсоли Тоҷикистонро дар замини кишти шолӣ истифода бурда, аз сифати он қаноатманд аст.
“Бо ин карбамид аввал эҳтиёткорона рафтор намудам. То ин дам вақте ки дар мо истеҳсолоти худӣ набуд, кишоварзони тоҷик тайи солҳои зиёд ин маҳсулотро аз Ӯзбекистон гирифта, ба он одат карда буданд. Аз ин рӯ, дар аввал кишоварзон ба маҳсулоти корхонаи Леваканд эҳтиёткорона муносибат мекарданд.
Акнун ки воридоти карбамид аз Ӯзбекистон барои соҳибкорон аз лиҳози иқтисодӣ ва боҷҳои содиротӣ фоидаовар нест, кишоварзон тадриҷан ба маҳсулоти ватанӣ одат мекунанд. Сифати карбамиди Тоҷикистон аз маҳсулоти хориҷӣ фарқ намекунад. Барои ин маъракаи хуби таблиғотӣ зарур аст”, - мегӯяд кишоварз.
ҶДММ “Азот” (собиқ Корхонаи нуриҳои азотии Вахш) яке аз корхонаҳои бузурги Тоҷикистон мебошад, ки моҳи апрели соли 2023 пас аз солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмондан, кори худро барқарор кард. Корхона дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷойгир аст. Он соли 2009 аз фаъолият бозмонда буд. Бар асари солҳои зиёд аз фаъолият бозмондан, қисми зиёди таҷҳизоти технологӣ аз кор баромад. Соли 2021 масъулияти барқарор намудан ва таъмиру навсозии корхонаро ширкати “Осиё кемикал” ба дӯш гирифт. Маблаггузории аввалияи хароҷоти сармоягузорӣ 200 млн сомонӣ арзёбӣ шуда буд. Дар амал бошад, зиёда аз 400 млн сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифт.

Аллакай то охири соли 2023 дар корхона ба маблағи 162,7 млн сомонӣ ва дар соли 2024 - 110,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Дар корхона карбамид, аммиак ва дигар навъи нуриҳои минералӣ истеҳсол мешавад. Минбаъд зиёд кардани номгӯи маҳсулот ва рушди ояндаи корхона ба нақша гирифта шудааст.




