Дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025" ба маблағи умумии зиёда аз 3 млрд доллар 26 созишнома ба имзо расидааст, хабар медиҳад, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Ба иттилои ин ниҳод, санадҳои имзошуда "ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, зеҳни сунъӣ ва рақамисозии иқтисод" равона шудаанд.
Самтҳои асосии сармоягузорӣ:
Энергетика - 5 созишнома ба маблағи 2,5 млрд доллар;
Саноат - 9 созишнома ба маблағи 386 млн доллар;
Алоқа ва рақамисозӣ - 8 созишнома ба маблағи 334 млн доллар;
Шарикии давлат ба бахши хусусӣ - 4 созишнома ба маблағи 8,9 млн доллар.

Чӣ гуна созишномаҳо?
Дар рӯзи аввали форуми "Dushanbe Invest–2025" Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ 8 созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расонид.
Ин санадҳо ба самтҳои рушди рақамисозии иқтисод, инфрасохтори интернетӣ, технологияи 5G, маорифи рақамӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ рабт доранд.

Яке аз созишномаҳои калидӣ шартномаи литсензионӣ бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) маҳсуб меёбад, ки тибқи он Тоҷикистон ба шабакаи интернети ҷаҳонии моҳворавӣ дастрасӣ пайдо мекунад.
Ҳамчунин дар доираи кори форум Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо ширкатҳои байнулмилалӣ се протокол ва ду ёддошт имзо кард.
Дар ин санадҳо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои маърифатӣ дар бахши энергетика пешбинӣ шудааст.
Созишномаҳо ба таҳкими амнияти энергетикӣ ва рушди манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия равона шудаанд.
Ҳамоиши дар "Кохи Ваҳдат" то 16 октябр идома ёфта, платформаи калидии минтақавӣ ҷиҳати пешбурди сармоягузориҳои “сабз”, рушди устувор ва табдили рақамӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Дар кори форум зиёда аз 1 ҳазор нафар, намояндагони ҳукуматҳо, роҳбарони ширкатҳои пешрафта, муассисаҳои молиявӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ аз кишварҳои Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна ширкат доранд.





Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста