Дар доираи кори ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest – 2025" 52 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумиии 4,1 млрд доллар ба имзо расонида шуд. Дар ин бора дирӯз, 15-рӯзи октябр Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои ин чорабинӣ хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки аз ҷумла 17 созишнома ба маблағи 501 млн доллар бевосита ба рушди шаҳри Душанбе дахл дорад.

Ба гуфтаи Раҳимзода, дар кори форум 1,5 ҳазор намояндаи 50 кишвари ҷаҳон - кормандони ҳукуматҳо, роҳбарони ширкатҳои маъруф, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ширкат карданд.

Султон Раҳимзода
Акс аз Asia-Plus

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ, изҳор дошт, ки дар доираи форум се ҷаласаи соҳавӣ, аз ҷумла ҷаласаи махсус бахшида ба имконоти сармоягузории пойтахт доир гардид,

Ҳамчунин, дар мавзӯъҳои сармоягузории сабз, рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, рушди шаҳрҳо, саноат, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ, молия ва шарикии давлату бахши хусусӣ 12 чорабинии соҳавӣ баргузор шуд.

Ғайр аз ин, дар доираи кори форум зиёда аз 20 чорабинии дигари гуногун, ки дар онҳо масоили соҳибкорӣ, технологияҳои сабз, нақши занон дар иқтисод, ҳамкории дуҷониба (франчайзинг), бозори суғурта ва рушди минтақавӣ баррасӣ шуданд, доир гардиданд.

Султон Раҳимзода таъкид дошт, ки дар намоишгоҳи байнулмилалӣ, ки дар доираи кори форум баргузор шуд, молу маҳсулот ва технологияҳои 42 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.  

"Dushanbe Invest – 2025" ба мавқеи Тоҷикистон ба сифати шарики боэътимод ва шаффоф дар самти ҳамкории дарозмуҳлат дар сатҳи байнулмилалӣ таҳким бахшид”, - илова намуд Раҳимзода.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.