Нақшаи ҷамъоварии андозҳои ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 14,6% барзиёд иҷро шудааст, хабар медиҳад, Кумитаи андози Тоҷикистон.
Ба иттилои ин ниҳод, ба ҷойи 16 млрд 967,4 млн сомонӣ (ҳудуди 1,8 млрд доллар)-и пешбинигардида 19 млрд 446,5 млн сомонӣ (зиёда аз 2 млрд доллар) ҷамъоварӣ шудааст, ки 2 млрд 479,0 млн сомонӣ зиёдтар аз нақша аст.
"Барзиёд иҷро гардидани анқшаи қисмати даромади буҷет дар ин давра пеш аз ҳама, ба туфайли рушди иқтисод, рақамисозии соҳа, беҳбуди расмиёти маъмурии андоз, хидматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тибқи низоми идоракунии хавфҳо роҳандозӣ намудани корҳои назоратӣ имконпазир шуд", - гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи андоз.
Нишондиҳандаи барзиёд иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳо дар ин давра дар минтақаҳо тариқи зайл аст:
- дар шаҳри Душанбе — 19,6%;
- дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 8,0%;
- дар вилояти Суғд — 6,7%;
- дар ВМКБ – 4,6%;
- дар вилояти Хатлон — 1,6%;
- дар Раёсати андозсупорандагони калон — 13,7%.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳиссаи воридоти маблағ аз пардохти андоз дар ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 65,9%-ро ташкил медиҳад.
Аз андозҳои асосӣ ҳаҷми ҷамъоварии андоз аз даромад, андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ба таври назаррас афзудааст.
Дар соли 2025 воридоти маблағ ба буҷети кишвар аз пардохти андозҳо дар ҳаҷми зиёда аз 31,8 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.





“Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!” Ба ифтихори зодрӯзи Ҳабибулло Абдураззоқов
Пиряхи “Деҳдал” дар се рӯз 72 метр ҳаракат кардааст. Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳолати онро “пешгӯинашаванда” мегӯяд
ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Эрон қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир”-ро қабул кард
Файзулло Файзов: “Маҳмадсаид Шоҳиён шахсан Қурбон Собирро барои нақши Ҷомӣ пешниҳод кард!”
Ширкати “Сомон Эйр” ният дорад аз ширкати Boeing то 14 ҳавопаймои нав харидорӣ кунад
“Ман аҳамияти ин минтақаро дарк мекунам”. Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп мулоқот кард
Гузориш аз таҷлили Рӯзи театри тоҷик. Нахустнамоиши “Ричарди III” дар Театри Лоҳутӣ чӣ гуна гузашт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 ноябри соли 2025
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста