Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 Эрон ба рӯйхати 5-гонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд. Тиҷорат миёни кишварҳо устуворона дар ҳоли рушд аст, ҳарчанд тавозун дар савдои дуҷониба нобаробар боқӣ мемонад.
Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Эрон дар зарфи як сол ба таври назаррас афзуд. Бино ба маълумоти омории Кумитаи гумруки ҶТ, агар дар соли 2024 он 377,7 млн долларро ташкил дода бошад, пас дар соли 2025 он то 483,9 млн доллар боло рафт. Ба ин тариқ, давоми як сол 106,2 млн доллар ё худ 28% афзоиш ёфт.
Содирот аз Тоҷикистон ба Эрон дар соли 2025 ба 112,8 млн доллар расида, воридот аз Эрон 371,2 млн долларро ташкил дод. Дар натиҷа тавозуни манфии савдо дар сатҳи 258,4 млн доллар қарор гирифт.
Тоҷикистон аз Эрон асосан маҳсулоти соҳаи нафту кимиё, масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ ворид кардааст. Аз Эрон нисбатан бештар битуми нафтӣ оварда мешавад, ки маблағи воридоти он тақрибан 15,4 млн доллар арзёбӣ мешавад. Полимерҳо, аз ҷумла полиэтилени навъҳои гуногун ба маблағи зиёда аз 10 млн доллар ва полипропилен тақрибан ба маблағи 11,1 млн доллар, портландсемент ва клинкер ба маблағи то 12,8 млн доллар низ ҳиссаи назаррас доранд.
Дар сохтори воридот маҳсулоти хӯрокворӣ низ мавқеи намоён касб мекунанд. Аз ҷумла, воридоти матса (як навъи нон) тақрибан ба маблағи 3,2 млн доллар, қанди сафед - ҳудуди 3,3 млн доллар арзёбӣ мешаванд. Миёни меваҳо афлесун (апелсин)-и тару тоза ба маблағи ҳудуди 2,6 млн доллар ва кивӣ ба маблағи зиёда аз 2 млн доллар мавқеи бештар назаррас доранд. Ғайр аз ин, аз Эрон ба Тоҷикистон қатрони нафт ба маблағи ҳудуди 2,5 млн доллар, ки дар корҳои сохтмону роҳсозӣ истифода мешавад, инчунин воситаҳои шустану поккорӣ ба маблағи 2,3-2,8 млн доллар оварда мешавад.
Дар навбати худ содироти Тоҷикистон ба Эрон бештар хусусияти ашёи хомро дорад. Мавқеи комилан ҳукмронро дар ин самт нахи пахтаи ғознашуда ба маблағи зиёда аз 74 млн доллар касб мекунад. Ҳаҷмҳои назарраси камтар ба калобаи пахтагӣ бо таркиби пахтаи на камтар аз 85% рост меояд, ки ҳаҷми содироти он зиёда аз 480 ҳазор доллар, инчунин алюминий ба маблағи ҳудуди 95 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2025 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо якчанд кишвар, аз ҷумла Ҳоланд, Чин, Русия, Ӯзбекистон, Беларус ва як қатор дигар давлатҳо низ зиёд шуд.





Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”
“Аксарият дар Русия боздошт шудаанд”. Соли 2025 беш аз 2600 ҷинояткори таҳти пайгард дастгир шудаанд
Ӯзбекистон қариб тамоми ҳаҷми ангишти содиротии Тоҷикистонро дар соли 2025 харид
“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд
Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд
Посухи сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба шикояти тоҷир ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистон
“Ғорати маблағи хонавода”. Раиси Додгоҳи олӣ ангеза ва тафсилоти куштори модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакиро гуфт
“Ба гирифтани пора муттаҳам мешавад”. Тафсилоти боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд
Тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026
Аз фаъолият бозмондани қариб 90 корхонаи саноатӣ дар кишвар. Далели манъи кори онҳо чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста