Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз сухангӯи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мусофирони ҳавопаймои таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон шоми дирӯз ба замин нишаста аллакай дар шаҳри Маскаванд.

Ба қавли ӯ, пас аз таъҷилан дар Чимкент фуруд омадани ҳавопаймои Boeing -737-300, аз Душанбе ҳавопаймои навъи Ту-154-и ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон роҳ сӯи Чимкент гирифта, мусофиронро ба Маскав расонид.

«138 нафар мусофир ва 6 сарнишини ҳавопаймо то омадани ҳавопаймои дигар аз ҳисоби ширкат бо ҷои истироҳат дар меҳмонхона таъмин карда шуданд», - гуфт Н.Давлатова.

Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ мегӯяд, ки ба иллати носозгорӣ дар низоми ҳавотозакунӣ зарурат пеш омадааст, ҳавопаймо таъҷилан фуруд ояд. «Айни замон комиссияи махсус сабабҳои рух додани чунин ҳолатро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст», - афзуд сухангӯи ширкат.

Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз расонаҳои хабарии Қазоқистону Русия иттилоъ доданд, ки ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон фуруд омадааст. Ба касе осеб нарасидааст.