Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Айни замон маълум шуд, ки бар асари садамаи нақлиётии шоми дирӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рухдода 15 нафари ҷабрдидагон, ки то дақиқаҳои ахир дар бораи онҳо чизе маълум набуд, ҳангоми ба дарё сарозер рафтани мошинҳо ба ҳалокат расидаанд.
Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар километри 197-уми шоҳроҳ дар як вақт садамаи се нақлиёт - навъи «КИА» таҳти идораи Сӯҳроб Абдуллоев, «Хондай» таҳти идораи Зарифҷон Бобошоев ва «Опел-Вектра» таҳти идораи Маҳмуд Маҳмудов ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа мошинҳо ба рӯдхонаи «Фондарё» сарозер мешаванд. «Бар асари садама 6 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 15 нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо кӯдакон низ буданд», - изҳор дошт манбаъ.
То маълум шудани он, ки боқимонда 15 нафари дигар фавтидаанд, дар ҷои ҳодиса корҳои ҷустуҷӯӣ идома доштанд. Тибқи иттилои сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Айнӣ Зафар Мирзобошиев, феълан ҷасади яке аз фавтидагон - Товус Бухориева муайян карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, яке аз сабабҳои рух додани садама бетаваҷҷӯҳиву беэҳтиётиии ронандагон арзёбӣ мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста