Душанбе. 6-уми октябр - Сухангӯи Вазорати тандурустии Қирғизистон Елена Баялинова ба хабаргузории РИА «Новости» изҳор доштааст, ки мувофиқи маълумоти то соати 13.00 (вақти Маскав) ба онҳо расида, дар ноҳияи Олойи вилояти Ош бар асари заминларзаи дирӯза 72 нафар ба ҳалокат расидаанд. «Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ идома доранд ва ин шумораи фавтидагон ҳоло ниҳоӣ нест», - гуфтааст ӯ.
Муовини сардухтури беморхонаи Ош Темиркан Жорматова ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, ки «аз 24 нафар осебдидагоне, ки ба беморхона оварда шуданд, 7 нафарашон кӯдакон мебошанд». «Осебдидагон асосан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, узвҳояшон зарбу лат хӯрдаанд ва аксари онон ба ҷарроҳӣ ниёз доранд», - гуфтааст ӯ. Ба гуфтаи табибон, шахсони аз заминларза ҷон ба саломатбурда дар ҳолати шадиди изтироби рӯҳӣ қарор доранд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста