Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин заминларза рух дод. Заминларза соати 20-у 53 дақиқаи вақти Душанбе ба амал омад. Мувофиқи маълумоти пойгоҳи зилзиласанҷии Душанбе, маркази он дар масофаи 450 километрии самти шимолу шарқии пойтахти ҷумҳурӣ воқеъ буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан
6,5 баллро ташкил дод. Қувваи зилзила дар Душанбе 3,4 ва Хоруғ 4,5 баллро ташкил додааст.
Дар бораи осебдидагон ва хисороти молӣ маълумоте дастрас нашудааст. Дар ҳамин ҳол, дирӯз тақрибан соатҳои 13-у 28 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод, ки маркази он дар масофаи 143 километрии самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе (водии Рашт) ҷойгир буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан
4-5 балл, дар Ғарм - 4 балл ва дар шаҳри Душанбе - 3 баллро ташкил дод.
Бино ба иттилои сомонаи интернетии радиои «Озодӣ», шаби гузашта чанд заминларза Афғонистон ва Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистонро таккон дод. Дар бораи кадом хисороти моливу ҷонии ин заминларзаҳо то ҳол гузориш нашудааст. Пажӯҳишгоҳи заминшиносии Амрико мегӯяд, зилзилаи қариб шашбалӣ Афғонистонро соати севуними субҳ таккон дод ва марказаш 70-километрии ҷануби Кобул буд.
Қаблан ин марказ ду заминларзаро дар ҷануби Қирғизистон сабт карда буд, ки яке наздики соати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ бо иқтидори 6,6 балл дар 50-километрии шарқи Қароқӯли Тоҷикистон ва дуввумӣ бо андаке фосила дар 60-километрии Саритош мушоҳида шудааст. Ҳамагӣ баъд аз чанд дақиқаи ин зилзила як заминҷунбии дигар бо иқтидори 5,7 балл дар вилояти Шинҷони Чин сабт шудааст.
Ва зилзиланигорони амрикоӣ соати дувоздаҳуним як зилзилаи панҷбаллиро дар айни минтақа дар вилояти Ӯши Қирғизистон сабт кардаанд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста